ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Шанбе

18 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

Як ҳафтаи фарҳанг дар мамлакат дар расонаҳои чопи Душанбе

Ҳафтаи гузашта дар матбуоти кишвар силсилаи зиёди хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти фарҳангии мамлакат интишор ёфтанд.
Навидҳо аз баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон “Насими дӯстӣ”, “Ансанбли фолклории Помир эҳё шуд”, “Ҳунар беҳтар аз симу зар” аз ҷараёни намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе дар рӯзномаи “Баҳори Аҷам” нашр гардидааст.
Мақолаи Гулҳаёи Мадимар “Кинои тоҷик тарғибгари фарҳанги миллат” оид ба баргузории мизи мудаввар таҳти унвони “Рушди синамои тоҷик таҳкимгари фарҳанги миллӣ” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, “Қадамҳои устувори фарҳанги миллӣ” аз натиҷаи баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Таҳқиқи фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” бахшида ба 80-солагии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми октябр дар рӯзномаи “Минбари халқ” чоп шудааст.
Мақолаи директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” Сироҷиддин Икромӣ “Ҷойгоҳи китоб дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ”, ки 24-уми октябр дар рўзномаи “Баҳори Аҷам” нашр гардидааст, аз вазъи иттиллоотонии китобхонаҳои кишвар, мушкилоти табъу нашр ва дастовардҳо дар замони истиқлолият маълумоти дақиқро пешниҳод намудааст.
26-уми октябр дар рўзномаи “Адабиёт ва санъат” оид ба баргузориии силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ дар кишвар, аз ҷумла “Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии “Китоби Душанбе” 25-уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагон аз кишварҳои Русия, Ўзбекистон, Ту
ркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Фаронса, Украина, Беларусия, Афғонистон, Покистон, Куриё ва ғайра иштирок доштанд. Ин намоиш то 27-уми октябр идома дошт.
Ҳамчунин мақолаи Ғарибшо Ғарибшоев ва Гулангез Файрўзшоева “Сухани раҳнамо” дар бораи роҳнамоӣ ва муаррифии маҳсули заҳмати омўзгор дар шакли китобҳо, дастурҳои методиву илмӣ барои тарғиби ҳадафҳои маърифатгароёна, ба самъи хонанда расондани таҷрибаи пешқадам ва дастрасӣ ба навгониҳоро ҳикоят мекунад дар рўзномаи “Омўзгор” 26-уми октябр нашр гардидааст.
Хонандагону пажӯҳишгарон метавонанд матолиби мазкурро мустақим аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ истифода баранд.

Зебуннисо Сафарова
www.kmt.tj

Сана: 01.11.2017 08:30:00