05.04.2024 ҳайъати Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Норак ташриф оварданд.

Ҳайъати мазкурро муовини Вазири фарҳанг- Шарифзода Манучеҳр ва дигар роҳбарони зерсохторҳои вазорат ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар маркази шаҳри Норак меҳмонони азизро Раиси шаҳр -Фирӯза Шарифӣ ва сокинони шарафманди он бо як олам самимияти тоҷикона истиқбол намуданд.

Аз истиқболи гарму тоҷикона меҳмонон ба ваҷд омада бо ҳунармандону мутрибон ҳамроҳ гардида сурудҳои тоҷикиро пешниҳоди ҷамъомадагон гардониданд,ки ин далели эҳтирому арҷгузорӣ ба санъату фарҳанги тоҷик аст.

Қобили қайд аст, ки ҳайъати мазкур аз обанбори Норак дида намуданд ва бори дигар таъкид сохтанд, ки воқеан ҳам Тоҷикистон-биҳишти рӯйи замин аст.Манзараҳои дилфиребаш ба меҳмонон руҳияи болида бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *