Ҳамкориҳо

Дар бахшҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ мустақиман ва ё дар доираи дигар созишномаҳои байниҳукуматӣ бо Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Белорус, Узбекистон, Туркия, Хитой, Олмон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳои созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо ва ба тасвиб расидаанд.


Аз ҷумла аз соли 1992 то моҳи июни соли 2006 чунин Созишномаи ҳамкориҳои фарҳангии байниҳукумати ва байнисоҳавӣ ба имзо расиданд:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, маориф, илм, воситаҳои ахбори умум (аз ҷумла кинематография) ва варзиш (15 феврали соли 1993 ш. Нью-Дехлӣ).
Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи фарҳанг, ҳунар, маориф, илм, васоити ахбори умум (дар якҷоягӣ бокинематография) ва варзиш дар солҳои 1996-1997. (12 декабри соли 1995 ш. Нью-Деҳлӣ).
Мувофиқатномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи фарҳанг ва иттилоот (1 марти соли 1992).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкори дар соҳаи фарҳанг, илм ва техника, маориф, тандурустӣ, варзиш ва туризм. (19 сентябри соли 1995 ш. Душанбе).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи мақоми хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва хабарнигорони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. (11 марти соли 2001 ш. Душанбе).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ш. Москва оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, илм, техника ва фарҳанг. (7 июли соли 1995 ш. Москва).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ. (12 феврали соли 2004 ш. Душанбе).
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Саратови Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ (30 ноябри соли 1999 ш. Саратов).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот (16 октябри соли 2004 ш. Душанбе).
Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иртиботи оммаи Федератсияи Россия барои солҳои 2004-2006 (8 апрели соли 2004 ш. Душанбе).
Созишнома байни Театри Давлатии калони Академии Федератсияи Россия ва Театри опера ва балети ба номи С.Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ (8 апрели соли 2004 ш. Душанбе).
Меморандум оид ба натиҷаи гуфтушуниди Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимов К.О. ва Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Швыдкой М.Е. дар бораи фаъолияти муштарак доир ба инкишофу пешравии Театри давлатии драммавии русии ба номи В. Маяковскии Ҷумҳурии Тоҷикистон (31 майи соли 2001 ш. Москва).
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус дар доираи фарҳанг ва ҳунар (15 майи соли 1996 ш. Душанбе).
Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус (5 апрели соли 2000 ш. Душанбе).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ. (22 августи соли 1995 ш. Душанбе).
Аҳдномаи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон (15 июни соли 2000 ш. Душанбе).
Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкори байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова (5 ноябри соли 2002 ш. Душанбе).
Созишнома дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмии техники миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия (4 декабри соли 2002 ш. Париж).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, маориф ва илм (27 майи соли 2003 ш. Варшава).
Барномаи иҷро байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша дар соҳаи фарҳанг маориф ва илм барои солҳои 2004-2006 (1 июли 2004 ш. Душанбе).
Мувофиқатномаи ҳамкориҳои фарҳанги миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон (7 майи соли 2003 ш. Теҳрон).
Барномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ-ҳунарӣ байни вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон (6 сентябри соли 2003 ш. Душанбе).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, фарҳанг, илм ва техника (27 апрели соли 2005 ш. Кобул).
Протокол созишнома байни Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷунбиши инқилобии Ҷамоҳири Халқи – Сотсиалистии Ливияи Араб (19 майи соли 2005 ш. Душанбе).
Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкори дар соҳаи фарҳанг (29 июни соли 2005 ш. Душанбе).
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ (27 декабри соли 1993).
Барномаи табодули фарҳанги миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Халқии Хитой барои солҳои 2005-2009 (18 майи соли 2005 ш. Душанбе).
Созишнома оид ба ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (26 августи соли 2005 ш. Қазон).
Конвенсия оид ба мақоми хабарнигоре, ки воситаи ахбори оммаи давлати аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар давлатҳои дигари Иттиҳод намояндагӣ мекунад (16 апрели соли 2004 ш. Чолпон- Ата).
Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нашру тавзеи китоб ва полиграфия байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (16 апрели соли 2004 ш. Чолпон- Ата).
Созишномаи ҳамкории давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи матбуоти даврӣ (4 июни соли 1996 ш. Минск).
Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мисри Араб дар соҳаи фарҳанг ва илм (5 ноябри соли 1996 ш. Москва).
Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чувашистон дар соҳаи маориф илм ва техника, тандурустӣ, фарҳанг, иттилоот, ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва туризм (1 апрели соли 1998 ш. Чебоксари).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мисри Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг (5 феврали соли 2007 ш. Қоҳира).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сурияи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг (10 феврали соли 2007 ш. Димишқ).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озорбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъан (15 марти соли 2007 ш. Душанбе).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар (13 сентябри соли 2007 ш. Душанбе).
Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг (19 сентябри соли 2007 ш. Бишкек).
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар (5 октябри соли 2007 ш. Ашхобод).
Созишнома байни Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг (15 августи соли 2007 ш. Бишкек).
Моҳи июли соли 2006 Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи фарҳангу ҳунар барои солҳои 2006-2009 дар ш. Ню-Деҳлӣ ба имзо расонида шуд.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар, ки 4 декабри соли 2008 дар шаҳри Киев ба имзо расидааст.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Яман оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, ки 1 декабри соли 2008 дар шаҳри Адан.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқӣ Демократии Алҷазоир оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, ки 11 марти соли 2008 дар шаҳри Алҷазоир.


Дар аксари созишномаҳое, ки таҳия мешаванд, бар замми диду боздидҳои ҳунарии дуҷониба, инчунин бунёди марказҳои фарҳангӣ дар пойтахти давлатҳои алоҳида, даъвати мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳанг ба кишварҳои якдигар, мутахассисон, донишҷӯён, коромӯзии донишкадаҳои олии соҳаи меъморӣ ва тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли асбобҳои созӣ, тарғибу таҳия ва нашри китобҳои муштарак, созмон додани намоишгоҳҳои ҳунарӣ, ороишӣ ва амалии якҷояи тарафҳо ва дигар самтҳои муҳими соҳаи фарҳанг низ инъикос меёбанд.