Муовини аввали вазир

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт
АСОСӢ, Муовини аввали вазир, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт

Ин шом дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертии ҳайати ҳунарии Муассисаи давлатии академии консертии "Қазоқконсерт" ба номи Роза Багланова баргузор гардид. Дар барнома сурудҳои халқии қазоқӣ, асарҳои асбобӣ ва композитсияҳои асбобию хореографиро иҷро шуданд. Барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе Ансамбли давлатии фолклории «Остона Сази»-и Қазоқистон, гурӯҳи «Saz & Soul» ҳунарнамоӣ карданд. Ҳамчунин асари композитори барҷаста Шарофиддин Сайфиддинов «Давлати ман — Тоҷикистон», ки соли 2004 навишта шудааст, садо дод. Суруди мазкурро Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев ва ҳунарманди шинохтаи қазоқ Темур Умаров бо иҷро намуданд. Қайд ка...