Хориҷӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
АСОСӢ, Президент, Сафарҳои хориҷӣ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

3 июл дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории Шанхай ва мавзуоти алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимӣ ва имкони дидору мулоқот изҳори сипос намуданд. Дар вохӯрӣ масоили рушду инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёти ҳавоӣ ва амният муҳокима гардид. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи...
Бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж
Сафарҳои хориҷӣ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж аз имрӯз то 8-уми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ, конфронси байналмилалии илмӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.Ба ин муносибат , имрӯз аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» намоиши ҷашнӣ пешниҳод мегардад, ки он давоми ҳафта ба тамошобинон ва меҳмонон имкон медиҳад, ки мероси Мавлоноро амиқтар омӯзанд.Ҳамчунин 7-уми июн Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба омӯзиши аҳамияти осори Мавлоно баргузор мешавад, ки дар он дар мавзуъҳои «Ҷаҳоншиносии Мавлоно Балхӣ», «Мавлоно Балхӣ ва тасаввуф», «Мавлоно Балхӣ ва адабиёти фалсафӣ», «Ҳуқуқи башар ба ақидаи Мавлоно Балхӣ» ва «Асрори бадеӣ дар...
Соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегарданд
АСОСӢ, Хабарҳо, Хориҷӣ, Ҳамкориҳо

Соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегарданд

Соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон гузаронида мешаванд. Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма муовини якуми Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Обид Назариён иттилоъ дод.Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли 2024 Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом», Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон –Ватани азизи ман», барномаҳои фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслиҳати Туркманистон Гурбагули Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.Бояд тазаккур дод, ки соли ...
Рушди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Гурҷистон  
Хориҷӣ, Ҳамкориҳо

Рушди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Гурҷистон  

15 январи соли 2024 ҳайати намояндагони Гурҷистон таҳти роҳбарии Кордори муваққатии Сафорати Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиорги Чхеидзе ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.Ҳайати меҳмононро муовини аввали вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи ҳамкориҳои фарҳангӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Гурҷистон табодули назар карданд. ...
ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои давлати Қатар ҳамкориро тақвият медиҳанд
АСОСӢ, Хориҷӣ, Ҳамкориҳо

ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои давлати Қатар ҳамкориро тақвият медиҳанд

Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар ҳамкориро тақвият медиҳанд. Дар робита ба ин дар Давҳа байни Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»—и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.Ин санад дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расид.Ба имзо расидани ин санади муҳим имкон медиҳад, ки ҳамкории мутақобилан судманд байни Осорхонаи миллӣ ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар дар соҳаи осорхонашиносӣ тавсеа ё...