Президент

АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин ва нишасти матбуотӣ

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат маросими имзо ва табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо дар маҷмуъ 29 ҳуҷҷати муҳими танзмкунандаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф имзо карда шуд. Нахуст, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи навро имзо карданд. Сипас, байни аъзои ҳайатҳои расмии ду давлат табодули санадҳои имзошуда сурат гирифт. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум оид ба мубодилаи ҳамкорӣ миёни Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳу...
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

5 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин — ордени “Дӯстӣ” баргузор гардид.

Мутобиқи “Қонуни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии давлатӣ” барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонда шуданд. Мукофоти олиро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин тақдим намуданд. Муҳтарам Си Ҷинпин нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои накуи ду кишвари дӯсту бародар ва дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ боризу барҷаста номида, таъкид доштанд, ки ба ин хотир бори аввал дар таърихи давлатдории Чин ин мукофоти олии...
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Баррасии масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт. Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. “Мо дар шахсияти Шумо, ҷаноби Раис, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди мардуми худро мебинем. Дидори ҳамсояҳои нек ва дӯстони дерина барои мо ҳамеша рӯйдоди бузургу хурсандиовар аст” — иброз доштанд дар оғози суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҷонибҳо аз афзоиши бемайлони ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо, ки бо суръати баланд идома дорад, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар рафти мулоқот масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои т...
5 июл маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

5 июл маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд. ...
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд.
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки “Созмони Милали Муттаҳид дар татбиқи маҷмӯи барномаҳои авлавиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас дорад”. Антониу Гутерриш дар навбати худ ба нақши намоёни Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ махсус таъкид дошта, аз ҷумла чунин изҳор намудаанд: “Тоҷикистон кишвари хурд ҳам бошад, дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста мебозад”. Зимни вохӯрӣ роҳҳои пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ, ки имрӯз инсоният ба он рӯ ба рӯ гаштааст, муҳокима гардид. Мавзӯъҳои муҳими суҳбат, ҳамчунин, ноил шудан ба Ҳ...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
АСОСӢ, Президент, Сафарҳои хориҷӣ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

3 июл дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории Шанхай ва мавзуоти алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимӣ ва имкони дидору мулоқот изҳори сипос намуданд. Дар вохӯрӣ масоили рушду инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёти ҳавоӣ ва амният муҳокима гардид. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд

3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, афсарони қаровули фахрӣ саф оростанд. ...
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон28.06.2024
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон28.06.2024

28 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд. Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст. Баъди муҳокимаи масъала барномаи давлат...
Бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж
Сафарҳои хориҷӣ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж аз имрӯз то 8-уми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ, конфронси байналмилалии илмӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.Ба ин муносибат , имрӯз аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» намоиши ҷашнӣ пешниҳод мегардад, ки он давоми ҳафта ба тамошобинон ва меҳмонон имкон медиҳад, ки мероси Мавлоноро амиқтар омӯзанд.Ҳамчунин 7-уми июн Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба омӯзиши аҳамияти осори Мавлоно баргузор мешавад, ки дар он дар мавзуъҳои «Ҷаҳоншиносии Мавлоно Балхӣ», «Мавлоно Балхӣ ва тасаввуф», «Мавлоно Балхӣ ва адабиёти фалсафӣ», «Ҳуқуқи башар ба ақидаи Мавлоно Балхӣ» ва «Асрори бадеӣ дар...
 Намояндагии доимии Тоҷикистон дар (ЮНЕСКО) кушода мешавад.  
АСОСӢ, Фармонҳо, Хабарҳо, ЮНЕСКО

 Намояндагии доимии Тоҷикистон дар (ЮНЕСКО) кушода мешавад.  

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи кушодани Намояндагии доимииҶумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳидоид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)     Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) кушода шавад.2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор ва басти вазифавии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг(ЮНЕСКО) - ро тасдиқ намояд. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Ра...