СОХТОР

Нишасти матбуотӣ
АСОСӢ, Муовини аввали вазир, Хабарҳо

Нишасти матбуотӣ

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ фаъолияти худро равона намуд. Дар ин давра дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии кишвар рӯйдоду чорабиниҳои басо муҳим баргузор гардиданд, ки онҳо дар ташаккули маънавиёти ҷомеа, пур намудани фазои фарҳангии кишвар ва муаррифии санъату ҳунари миллӣ нақши муассир бозиданд. Аҳли фарҳанги кишвар дар баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсиву фарҳангӣ, аз қабили таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди байналмилалии Наврӯз, барномаҳои муштараки “Шоми дӯстӣ” бо кишварҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон, Фестивал-симпозиуми байналмилалии “Шашмақом”, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон, таҷлили 30-солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадӣ, Фестив...
Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи фарҳанг ва фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2024
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи фарҳанг ва фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2024

Санаи 8-уми июли соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи фарҳанг ва фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Роҳи нави дӯстии наслҳо» ҳамоиши табодули гуманитарии Тоҷикистону Чин доир гардид, ки дар он доир ба муносибатҳои фарҳангии ду давлат, ҳамкории воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардуми Чин мубодилаи афкор доир гардид
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Роҳи нави дӯстии наслҳо» ҳамоиши табодули гуманитарии Тоҷикистону Чин доир гардид, ки дар он доир ба муносибатҳои фарҳангии ду давлат, ҳамкории воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардуми Чин мубодилаи афкор доир гардид

Пеш аз оғози ҳамоиш вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо муовини мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, директори генералии Медиакорпоратсияи Чин «CMG» Шэн Хайсюн доир гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба байни воситаҳои ахбори оммаи тоҷику чинро баррасӣ намуданд. Вазири фарҳанг Сатториён Матлубахон Амонзода изҳор намуданд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардуми Чин намунаи олии дӯсти ду халқ, ҳамсоягии нек ва шарикии беназири стратегӣ мебошад. «Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг низ сол то сол тавсеа меёбанд. Чин ва Тоҷикистон дар раванди ҳамкорӣ барои эҳёи «Як камарб...
САТТОРИЁН Матлубахон Амонзода
Вазир

САТТОРИЁН Матлубахон Амонзода

аз 29 январи соли 2024 дар вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунадСоли таваллуд 19 сентябри соли 1972 Ҷои таваллуд ноҳияи Б.ҒафуровМиллат тоҷик Маълумот олӣСоли 1994 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардаастИхтисос муаллими забон ва адабиёти тоҷикУнвони илмӣ номзади илмҳои филологӣКадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, форсӣ, англисӣВакили халқ ҳаст ё не вакили Маҷлисҳои вакилони шаҳри Гулистон ва вилояти СуғдБо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не - соли соли 2011 медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2017 Медали «Хизмати шоиста»Кор ва фаъолияти собиқа:Солҳои 1989-1994-Донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М. Киров, шаҳри ХуҷандСолҳои 1994-2002-Танзимгар, муаллима, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷ...