Тоҷикистон-Ватани азизи ман

Таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг  семинари омӯзишӣ доир гардид
АСОСӢ, Тоҷикистон-Ватани азизи ман, Хабарҳо

Таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг семинари омӯзишӣ доир гардид

13 июни соли 2024 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг -Сатториён М.А. семинари омӯзишӣ бо иштироки ҳайати ҳакамони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», ки аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявии озмун тасдиқ шудааст, доир гардид. Зимни баргузори ҷаласаи таъкид гардид, ки озмун бояд шаффоф ва воқеъбинона, бо назаргирии истеъдоду ҳунари довталабони ҷавон баҳогузорӣ шавад, зеро ҳадафи асосии озмун маҳз дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон мебошад. Ҳангоми натиҷагирӣ ва баҳогузорӣ бояд аз ҷониби ҳайати ҳакамон тамоми талаботҳои Низомнома риоя гарданд. Ҳамчунин ба раёсату шуъбаҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу эҷод...
Хабар
АСОСӢ, Озмунҳо, Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Тоҷикистон-Ватани азизи ман, Хабарҳо

Хабар

доир ба баргузории даври дуюми  Озмуни ҷумҳуриявии  «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»         Тибқи Нақшаи баргузорӣ, ки мутобиқи талаботи   Низомнома аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуривӣ тасдиқ гардидааст, даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии  «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  аз 10 то 15 июн,  дар шаҳри Бохтари  вилояти Хатлон аз  17 то 23 июн, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  аз 17 то 22 июн, дар  шаҳри Душанбе аз 20 то 25 июн ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: аз 17 то 20 июн дар шаҳри Ҳисор, аз 23-25 июн дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт  доир мегардад. ...