Вазир

Мулоқоти судманд
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Мулоқоти судманд

3-юми октябр дар Вазорати фарҳанг мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович доир гардид.Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили шумораи зиёди квотаҳо ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Беларус баррасӣ шуданд.Ҷонибҳои аз ҳамкориҳои пурсамари мутақобилан судманд изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, таъкид сохтанд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда, боз ҳам бештар тавсеа меёбад. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара»
АСОСӢ, Вазир, Президент, Сафарҳои дохилӣ, ТЕАТР, Хабарҳо

Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара»

19 сентябр бо гузоштани санги асос аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохтмони бинои 3 ошёнаи Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара» оғоз шуд.Тибқи лоиҳа бинои театр аз 4 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд, ки дар умум дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст бояд шаванд. Толори асосӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир шуда, бо 1 ҳазору 100 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюм ду ва дар ошёнаи сеюм бошад, як толори дигари намоишӣ сохта хоҳад шуд. Ҳангоми муаррифии лоиҳаи бинои театр ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии толори асосӣ 18 метр шуда, он ҳ...
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия   аз 12-ум то 14-уми  сенябри соли 2024,  10-мин Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург баргузор гардид
АСОСӢ, Вазир, Сафарҳои хориҷӣ, Хабарҳо

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия   аз 12-ум то 14-уми  сенябри соли 2024,  10-мин Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург баргузор гардид

Хабар 1   Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия   аз 12-ум то 14-уми  сенябри соли 2024,  10-мин Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург баргузор гардида, ифтитоҳи  расмии  форуми  номбурда дар бинои асосии Эрмитаж – толори Атриум баргузор гардид, ки дар он меҳмонони расмӣ, роҳбарони ҳайатҳо, ходимони намоёни фарҳанг аз 80 кишвари олам иштирок намуданд, ки дар расми ифтитоҳи он   Президенти  Федератсияи  Россия Владимир Путин дар ифтитоҳи Форум ширкат варзида, суханронӣ намуданд. Хабар 2 Рӯзи 13 сентябр дар ҷаласаи вохӯрии вазири фарҳанги Федератсияи Русия бо намояндагони расмии ҳайатҳо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, дар мавзӯъи “Нигоҳи ояндаи ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ” суханронӣ...
Адиби шинохта-Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид
АСОСӢ, Вазир, Президент, Фармонҳо, Хабарҳо

Адиби шинохта-Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид

Таваҷҷуҳ ва талошҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси оламгир гаштани фарҳанги миллати тоҷик шуда, баҳри эҳёи осори гаронбаҳои фарзандони баруманди гузаштаву имрӯзи тоҷик пайваста чораандешӣ карда мешавад. Дар идомаи дастгириҳои ҳамешагӣ адиби маъруф Темур Зулфиқоров бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд. Мукофоти давлатиро ба адиби маъруф Темур Зулфиқоров намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд. Қайд карда ба маврид аст, ки Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Темур Зулфиқоров аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград, вале баъдан ба таҳсилашро дар...
Имрӯз “Ганҷинаи мерос” соати 19:00 баргуор мегардад
АСОСӢ, Вазир, Гардиши сарватҳои фарҳангӣ, Дохилӣ, Хабарҳо

Имрӯз “Ганҷинаи мерос” соати 19:00 баргуор мегардад

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди анъанаҳои хоси фарҳанги либоспӯшӣ ва баланд бардоштани арзиши милливу эстетикии он , такомули ҳавасмандгардонии ҳунармандону тарроҳон ва эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ 29 августи соли 2024 Фестивали намоиши либосҳои миллиро таҳти унвони “Ганҷинаи мерос” бо ҷалби беҳтарин тарроҳони мамлакат дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд. Макон Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе , оғоз соати 19:00 ...
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим»-ро ифтитоҳ намуданд
АСОСӢ, Вазир, Президент, Хабарҳо

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим»-ро ифтитоҳ намуданд

27 август дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таҳсил ва омӯзиши нозукиҳои санъат дар иншооти тозабунёд аз наздик шинос шуданд. Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим дорои шароити муосир барои омӯзиш ва аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ буда, аз 4 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур дорои 61 синфхонаи барҳаво, 4 толори рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, с...
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро ифтитоҳ намуданд
АСОСӢ, Вазир, Президент, Хабарҳо

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро ифтитоҳ намуданд

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро, ки ҳарду дар як бинои муҳташам ҷойгир шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.Иншоот дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иқдомҳои бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар заминаи иншооти ёрирасони Муассисаи давлатии “Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” бо усули балан...
Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз гардид
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз гардид

Шоми дирӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз гардид.Дар маросими ифтитоҳи фестивал вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сатториён Матлубахон Амонзода иштирок намуданд.Дар Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» беш аз 300 намоянда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.Бори аввал дар фестивали мазкур дар қатори аъзои ҳакамон аз 10 давлати дунё аз Тоҷикистон мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозони тоҷик Аслиддин Низомов иштирок мекунад.Дар ин фестивал дастаи ҳунармандони Тоҷикистон ва дигар санъаткорон мусиқии суннатии тоҷикро муаррифӣ менамоянд.Фестивал дар ду сол як маротиба танҳо дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мешавад.Ёдовар мешавем, ки ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ соли 1997 бо та...
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев дар барномаи консертии бошукуҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон
АСОСӢ, Вазир, Президент, Хабарҳо

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев дар барномаи консертии бошукуҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон

22 август дар толори Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев консерти дилнишини ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи ду давлат дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи кишварҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон пайваста инкишоф меёбанд. Барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони Қазоқистон пешкаши меҳмонон карда шуд, ки бисёр хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии мардумони ду кишвар буд. Барномаи консертии устодони санъати Қазоқистон бо хушнудӣ ва кафкӯбиҳои пурмавҷ пазируфта шуд. Зимни сафари давлатии Президенти Ҷ...
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо
Санаи 22-юми августи соли ҷорӣ дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар барномаи консертии Ансамбли фолклорӣ - этнографии шаҳри Қустанайи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.