Хабарҳо

Хабарҳо

1 мая в Парке культуры и отдыха имени А.Фирдоуси столицы состоится церемония вручения наград победителям финального тура республиканского конкурса  «Сайри гули лола»

Победители конкурса будут удостоены  Гран-при, дипломов  1, 2, 3  степеней, инициаторы, руководители учреждений и других предприятий, принявшие активное участие в данном мероприятии, будут награждены Почетными грамотами. 
Хабарҳо

Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Италия маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд, ки дар он Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид.

Дар маросими имзои Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок намуд. Ёдовар мешавем, ки дар маросим дар маҷмуъ аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ 7 санади нав: Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амниятӣ; Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкории оперативӣ дар мубориза бар зидди маводи нашъовар; Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ; Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ита...
Хабарҳо

Дар се моҳи соли равон шумораи сайёҳони дохилию хориҷии ба вилояти Хатлон воридшуда 73605 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 7203 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёда аз 931 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 721 ёдгории бостонӣ, 124 ёдгории меъморӣ ва 86 ёдгории монументалӣ мебошад. Ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилоят, аз қабили «Қалъаи Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш, мадрасаи «Хоҷа Машҳад»-и ноҳияи Шаҳритус ва шаҳраки «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён ба мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки диққати сайёҳонро ҷалб намудаанд. Дар вилоят 118 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 139 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 368 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 50 меҳмонсарой (ҳомстей) ва гестхаус, 238 ташноби сарироҳӣ, 67 мағозаи фурӯши армуғонҳо ва 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуд мебошанд, ...
Хабарҳо

1 май дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мешавад.

Ғолибони фестивал бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд. Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи номинатсияҳои «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории ин фестивал, пеш аз ҳама, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор нам удани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона...
Хабарҳо

29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.

29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузоришаванда дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, хусусан дар таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва беҳсозии сифати хизматрасониҳои коммуналӣ баррасӣ шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонк барои робитаҳои пайваста ва судманд давоми 30 соли ҳамкорӣ сипос гуфта, таъкид доштанд, ки «мо сатҳи имрӯзаи ҳамкориямонро бо Бонк баланд арзёбӣ менамоем ва ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди ки...
Хабарҳо

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ соати 18:00 Консерти ҳисоботии донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, роҳбарон ва кормандони зерсохторҳои Вазорат иштирок намуданд. Дар барнома суруду оҳангҳо аз эҷодиёти композиторони тоҷик ва ҷаҳонӣ аз ҷониби донишҷӯён ва устодони муассиса, дар саҳти хеле баланди касбӣ иҷро гардид. Барномаи мазкур аз 17 номераи консертӣ иборат буда, мавзуҳои Ватан, Душанбешаҳр,ободӣ, озодӣ, соҳибистиқлолӣ,хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ, ишқ, муҳаббат ва садоқатро фарогир буд. Қобили қайд аст, ки Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов соли 1945 ҳамчун Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дар заминаи мактаби мусиқии № 1 таъсис дода шуд ва он дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ қарор дошт.Баъдан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз...
Хабарҳо

Делегация Дней культуры Туркменистана в Республике Таджикистан посетила город Нурек.

05 апреля сего года делегация Дней культуры Туркменистана в Республике Таджикистан посетила город Нурек. Делегацию сопровождают заместитель Министра культуры Шарифзода Манучехр и другие руководители подведомственных структур. В центре города Нурек дорогих гостей тепло и гостеприимно встретили заместитель мэра города Фируза Шарифи и активисты и жители. Окрыленные встречей, члены туркменистанской делегации присоединились к музыкантам и танцорам, исполнив с ними таджикские песни и танцы, оказав день уважения таджикскому искусству и культуре. Необходимо отметить, что делегация посетила Нурекское водохранилище, отметив, что Таджикистан в действительности, является настоящим раем на земле. Красивые и привлекательные, неповторимые по красоте пейзажи покорили гостей. ...
Хабарҳо

Ин шом (05.04.2024, с.23:00) ҳайъати Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми барномаи ҳунарӣ аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргаштанд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон дар Тоҷикистон аз 3 апрел оғоз гардида то 5-уми апрел идома ёфт. Қобили қайд аст, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президентҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, олимону зиёиёни илмӣ ва эҷодии ҳарду мамлакат дар мавзуи «Махдумқулӣ Фароғӣ — тарбиягари идеяи бародарии халқҳо» ҳамоиш баргузор гардид. Инчунин, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони фарҳангу санъати Туркманистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар намоиш намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳ...
Хабарҳо

Дар Муассисаи давлатии Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» идома дорад, ки 9 апрел ба анҷом мерасад.

Баргузории фестивалро масъулини Китобхонаи вилоятӣ ба номи Абуадуллоҳ Рӯдакӣ бар уҳда доранд. Давоми як ҳафта дар 14 муассисаи таълимии шаҳр маҳфилҳои гуногуни адабию мусиқӣ баргузор мешаванд. Дар рӯзи аввали фестивал довталбон корҳои эҷодиашонро дар саҳни литсей ба намоиш гузоштанд. Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ асарҳои тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шоирону нависандагони муосири тоҷик гузошта шуда буд. Иштирокдорони фестивал гурӯҳи адибони шинохтаи вилоят ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳрро бо барномаи хоссаи адабию мусиқӣ истиқбол гирифтанд. Мудири бахши фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулдасташо Амирхонов изҳор дошт, ки «имсол ин фестивал ба гиромидошти хотираи неки Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар бахшида шудааст. Н...
Хабарҳо

Анҷоми сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

5 апрел Пешвои миллии халқи туркман - Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов баъди анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргашт. Бо нишони эҳтирому самимияти баланд меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел карданд. Ёдовар мешавем, ки сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман рӯзҳои 4-5 апрел ҷараён гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни ду кишвар 5 санади нав доир ба ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, омодасозии кадрҳои дипломатӣ, сохтмон, илм, зилзиласанҷӣ ва бародаршаҳрӣ миёни Хуҷанд ва Аргадаг ба имзо расид. Ҳамчунин дар доираи ин сафар ва дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон барномаи рангини ...