Хабарҳо

5 июл маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

5 июл маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд. ...
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Роҳи нави дӯстии наслҳо» ҳамоиши табодули гуманитарии Тоҷикистону Чин доир гардид, ки дар он доир ба муносибатҳои фарҳангии ду давлат, ҳамкории воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардуми Чин мубодилаи афкор доир гардид
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Роҳи нави дӯстии наслҳо» ҳамоиши табодули гуманитарии Тоҷикистону Чин доир гардид, ки дар он доир ба муносибатҳои фарҳангии ду давлат, ҳамкории воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардуми Чин мубодилаи афкор доир гардид

Пеш аз оғози ҳамоиш вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо муовини мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, директори генералии Медиакорпоратсияи Чин «CMG» Шэн Хайсюн доир гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба байни воситаҳои ахбори оммаи тоҷику чинро баррасӣ намуданд. Вазири фарҳанг Сатториён Матлубахон Амонзода изҳор намуданд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардуми Чин намунаи олии дӯсти ду халқ, ҳамсоягии нек ва шарикии беназири стратегӣ мебошад. «Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг низ сол то сол тавсеа меёбанд. Чин ва Тоҷикистон дар раванди ҳамкорӣ барои эҳёи «Як камарб...
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд.
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки “Созмони Милали Муттаҳид дар татбиқи маҷмӯи барномаҳои авлавиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас дорад”. Антониу Гутерриш дар навбати худ ба нақши намоёни Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ махсус таъкид дошта, аз ҷумла чунин изҳор намудаанд: “Тоҷикистон кишвари хурд ҳам бошад, дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста мебозад”. Зимни вохӯрӣ роҳҳои пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ, ки имрӯз инсоният ба он рӯ ба рӯ гаштааст, муҳокима гардид. Мавзӯъҳои муҳими суҳбат, ҳамчунин, ноил шудан ба Ҳ...
АСОСӢ, Хабарҳо

ЭЪЛОН! (бознашр)

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста -1 ҷой. Талаботи тахассусӣ барои довталабон: — таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ; — 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; — дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; —донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъотияти Вазорати фарҳанг; —донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ; —донис...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
АСОСӢ, Президент, Сафарҳои хориҷӣ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

3 июл дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории Шанхай ва мавзуоти алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимӣ ва имкони дидору мулоқот изҳори сипос намуданд. Дар вохӯрӣ масоили рушду инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёти ҳавоӣ ва амният муҳокима гардид. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд

3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, афсарони қаровули фахрӣ саф оростанд. ...
Маркаҳои ҷашнии Тоҷикистону Чин
АСОСӢ, Хабарҳо

Маркаҳои ҷашнии Тоҷикистону Чин

Санаи 2-юми июли соли ҷорӣ муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён О.О. дар маросими муаррифии Маркаҳои ҷашнии Тоҷикистону Чин дар Меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе иштирок ва сухаронӣ намуданд. Қобили қайд аст, ки чорабинии мазкур дар доираи чорабиниҳои ҳошиявии сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии халқии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Лозим ба ёдоварист, ки чопи маркаҳои ҷашнии ду кишвар ин як амали хубест барои муаррифии таъриху фарҳанги Тоҷикистону Чин. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз қалби Атҳам Холиқов -Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз тапиш бозмонд.
АСОСӢ, Хабарҳо

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз қалби Атҳам Холиқов -Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз тапиш бозмонд.

Аҳли фарҳанги Тоҷикистон аз марги Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон - Атҳам Холиқов андӯҳгин буда, ба аҳли хонадон, пайвандон ва мухлисони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд. Рӯҳи ҳунарманд шод ва хонаи охираташ обод бошад. Лозим ба ёдоварист, ки зиндаёд- Атҳам Холиқов аз соли 1980 то имрӯз овозхони (сарояндаи) Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд. Маҳорати сарояндагии хешро дар академияҳои операвии Италия сайқал додааст. Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад. Бо иштироки ӯ дар консерту спектаклҳо аз рӯи асарҳои композиторони тоҷик ва аврупои сурудҳои операвӣ ва халқӣ дар хориҷи мамлакат садо додаанд... ...
Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии сиркӣ Vll- Мамонтёнок-2024 иштирок намуданд
АСОСӢ, Хабарҳо

Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии сиркӣ Vll- Мамонтёнок-2024 иштирок намуданд

Санаи 1-уми июли соли ҷорӣ ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали байналхалқии сиркӣ Vll- Мамонтёнок-2024 дар Ҷумҳурии Саха (Якутия)дар байни 15 давлати дунё 50 нафар иштирокчиён аз Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин, Ветнам, Муғулистон ва Русия: Маскав, Перм, вилояти Курган, Бурятия, Якутия. Онҳо трюкҳои ҷолиб, намоишҳои дақиқ ва зебоии ҳаракатҳо нишон доданд. Боиси хушнудист, ки ҳунармандони Муассисаи давлатии Сирки Тоҷикистон Алмос Илёсов, Ануша Ҳусензода, Шаҳноза Ҷабборова ,Ёсуман Назарова сазовори ҷоизаи нуқрагин гаштанд! Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Навиди фарҳангӣ
АСОСӢ, Хабарҳо

Навиди фарҳангӣ

Дар озмуни байналмилалии “Мақом”, ки имсол дар Ӯзбекистон баргузор гардид, Хуршед Иброҳимзода, шашмақомсарои тоҷик сазовори ҷойи аввал шуд. Ба ӯ диплому ҷоиза ва 10 ҳазор доллари ИМА тақдим карданд. Хуршед Иброҳимзода дар муддати 30 дақиқа панҷ сурудро иҷро кард ва аз рӯйи номинаи “Иҷроиши якка” ғолиби ҷойи аввал гардид.