Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон28.06.2024
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон28.06.2024

28 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд. Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст. Баъди муҳокимаи масъала барномаи давлат...
Ифтитоҳи намоиши «Симои зан дар эҷодиёти рассомони Тоҷикистон ва Чин»
АСОСӢ, Хабарҳо

Ифтитоҳи намоиши «Симои зан дар эҷодиёти рассомони Тоҷикистон ва Чин»

Имрӯз, 24-уми июн дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» намоиши муштараки асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин таҳти унвони «Симои зан дар эҷодиёти рассомони Тоҷикистон ва Чин» ифтитоҳ гардид.Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сзи Шумин ва директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафосуханронӣ намуданд.Лозим ба ёдоварист, ки дар намоиш мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон ва мусаввараю намунаҳои ҳунари хаттотии Чин ба манзури тамошобинон карда шуд. ...
«Асрори ранг ва санг»-и Гулов Парвин
АСОСӢ, Хабарҳо

«Асрори ранг ва санг»-и Гулов Парвин

Санаи 21-уми июни соли равон соати 18:00 намоиши асарҳои тозаэҷоди рассоми шинохта, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Гулов Парвин, таҳти унвони "Асрори ранг ва санг", бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ дар намоишгоҳи " Серена- Душанбе" баргузор шуд.Қайд кардан ба маврид аст, ки дар намоиш зиёда аз 40 асари рассом ба намоиш гузошта шудааст. Рассом на танҳо мусаввараҳо, балки ба офаридани асарҳо аз сангҳои табиӣ (мозаика) низ рӯ овардааст. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Истиқболи гарми «Шаби танҳоӣ» дар рӯи саҳнаи Театри ҷавонон
АСОСӢ, ТЕАТР, Хабарҳо

Истиқболи гарми «Шаби танҳоӣ» дар рӯи саҳнаи Театри ҷавонон

Шоми 22-юми июни соли ҷорӣ дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов намоиши "Шаби танҳоӣ"-и Ғ.Ашур, ки дар иҷрои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳпайкар Ёрова рӯи саҳна омадааст, баргузор гардид.Қайд кардан ба маврид аст, ки коргардони намоиш Ҳунарешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи А.Рудакӣ Мирзоватан Миров буда, жанри намоиш "Театри як актёр" (Моноспектакл) аст.Ҷамъомадагон аз тамошои чунин як намоиши мондагор изҳори хушнудӣ намуда ба ҳунару маҳорати Моҳпайкар Ёрова каф кӯфтанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
АСОСӢ, Хабарҳо

ЭЪЛОН!

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста -1 ҷой. Талаботи тахассусӣ барои довталабон: — таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ; — 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; — дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; —донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъотияти Вазорати фарҳанг; —донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ; —донис...
РЎЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР МОҲИ ИЮН
АСОСӢ, Хабарҳо

РЎЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР МОҲИ ИЮН

Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» имсол – 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуда, рӯзи ғайрикорӣ дониста мешаванд. Дар асоси қисми 1 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» муайян карда мешавад. Қисми 4 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки тартиби гузаронидани рўзи истироҳатро ба дигар рўзи корӣ бо мақсади самаранок истифода намудани вақти корӣ дар рўзҳои иди ғайрикорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2021, №154 Тартиби гузаронидани рўзҳои истироҳат ба дигар рўзи корӣ тасдиқ карда шудааст. Мутобиқи Тартиби мазкур гузаронидани рўзи истироҳ...
«Шаби танҳоӣ»-и Ғ.Ашур дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов
АСОСӢ, ТЕАТР, Хабарҳо

«Шаби танҳоӣ»-и Ғ.Ашур дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов

Санаи 22.06.2024, соати 18:00 дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов намоиши "Шаби танҳоӣ"-и Ғ.Ашур, ки дар иҷрои ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон Моҳпайкар Ёрова рӯи саҳна омадааст, баргузор мегардад. Коргардони намоиш Ҳунарешаи Мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи А.Рудакӣ Мирзоватан Миров буда жанри намоиш "Театри як актёр" (Моноспектакл) аст. Марҳабо!
Таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг  семинари омӯзишӣ доир гардид
АСОСӢ, Тоҷикистон-Ватани азизи ман, Хабарҳо

Таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг семинари омӯзишӣ доир гардид

13 июни соли 2024 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг -Сатториён М.А. семинари омӯзишӣ бо иштироки ҳайати ҳакамони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», ки аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявии озмун тасдиқ шудааст, доир гардид. Зимни баргузори ҷаласаи таъкид гардид, ки озмун бояд шаффоф ва воқеъбинона, бо назаргирии истеъдоду ҳунари довталабони ҷавон баҳогузорӣ шавад, зеро ҳадафи асосии озмун маҳз дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон мебошад. Ҳангоми натиҷагирӣ ва баҳогузорӣ бояд аз ҷониби ҳайати ҳакамон тамоми талаботҳои Низомнома риоя гарданд. Ҳамчунин ба раёсату шуъбаҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу эҷод...
Бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» чорабинӣ доир гардид
АСОСӢ, Хабарҳо

Бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» чорабинӣ доир гардид

Бахшида ба "Соли маърифати ҳуқуқӣ" бо ибтикори роҳбарияти Вазорати фарҳанг мизи мудаввар дар мавзӯи "Тарғибу ташвиқи меъёрҳои Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бо ҷалби намояндагони муассисаву ташкилотҳои системаи вазорат баргузор ва маърӯзаҳо ироа карда шуд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Вазир бо намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ мулоқот намуданд.
АСОСӢ, Хабарҳо, Ҳамкориҳо

Вазир бо намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ мулоқот намуданд.

Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманди Вазири фарҳанг - Сатториён Матлубахон Амонзода бо намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ, сафир оид ба супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия М.Швидкой баргузор гардид.Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баррасӣ гардида, баргузории як қатор чорабиниҳо ва ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг пешниҳод ва масъалагузорӣ карда шуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...