Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара»
19 сентябр бо гузоштани санги асос аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохтмони бинои 3 ошёнаи Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара» оғоз шуд.Тибқи лоиҳа бинои театр аз 4 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд, ки дар умум дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст бояд шаванд.
Толори асосӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир шуда, бо 1 ҳазору 100 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюм ду ва дар ошёнаи сеюм бошад, як толори дигари намоишӣ сохта хоҳад шуд.
Ҳангоми муаррифии лоиҳаи бинои театр ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии толори асосӣ 18 метр шуда, он ҳ...