МУЖДА: ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ШУД
6-уми августи соли равон дар шаҳри Москва шоҳкитоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино "Қонуни тиб" дар Озмуни XXI - уми байналмилалии "Санъати китоб" - и кишварҳои аъзои ИДМ барандаи Шоҳҷоиза шуд. Дар маросими тантанавии эътои ҷоизаҳо, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Москва" баргузор шуд, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф иштирок ва диломи Озмунро қабул намуд.Китоби «Қонуни тиб»-и Ибни Сино дар як муҷаллади бузурги хушрангу тарҳ ба забони модарии шайхурраис ва хатти сириллик тавассути Сарредаксияи илмии "Энсиклопедияи миллии тоҷик" ба чоп расидааст. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик Саййиднуруддин Шиҳобуддинов дар камоли зебоӣ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шуда...