АСОСӢ

АСОСӢ, Вазир, Озмунҳо, СОХТОР, Хабарҳо

Озмун

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ - 1 ҷой, Талаботи тахассусӣ барои довталабон: - таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ; - 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъотияти Вазорати фарҳанг; -донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ; -донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; -мал...
Мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар

Имрӯз, 23-юми октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот анҷом доданд.Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки ҳунармандони ду кишвар ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе”
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе”

Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун як падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширону нависандагони кишварҳои дӯст баргузор мешавад. Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” имрӯз дар Осорхонаи миллӣ оғоз ёфт ва то 24-уми октябри соли ҷорӣ идома меёбад. Дар маросими ифтитоҳи ин чорабинии бошукуҳ роҳбарияти Вазорати фарҳанг, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд. Қайд бояд кард, ки дар ин намоишгоҳ ба ғайр аз ноширони ватанӣ ноширону адибон аз кишварҳои дӯсти Тоҷикистон –Федератсияи Россия,Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон,ҷумҳуриҳои Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва Ҳиндустон бо беҳтарин намунаҳои китоб...
Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Қатар
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Қатар

Имрӯз дар доираи баргузори Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар-Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ баргузор гардид. Ҳайати меҳмонон бо осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардид.
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо
Имрӯз дар доираи баргузори Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар-Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ баргузор гардид. Ҳайати меҳмонон бо осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардид.
Имрӯз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Давлати Қатар -Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқот намуданд
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Имрӯз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Давлати Қатар -Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқот намуданд

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Давлати Қатар -Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқот намуданд.Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба таҳкими робитаҳои фарҳанги миёни ду давлат баррасӣ гардида вобаста ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ муколама доир гардид.Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар дар Майдони 800- солагии Москва, инчунин Маросими ифтитоҳи Рӯзҳо дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади амалисозии созишномаи байнидавлатии Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳо...
Аз 16- ум то 18- уми октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
АСОСӢ, Вазир, Сафарҳои дохилӣ, Сафарҳои хориҷӣ, Хабарҳо

Аз 16- ум то 18- уми октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад

Бо мақсади амалисозии созишномаи байнидавлатии Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ аз 16- ум то 18- уми октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.Зимни чорабинӣ рӯзи 16- уми октябр вохӯрии вазирони фарҳанги ду кишвар дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар дар Майдони 800 солагии Москва, инчунин Маросими ифтитоҳи Рӯзҳо дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.Рӯзҳои 17-ум ва 18-уми октябр соати 18:30 барномаи фарҳангии аҳли ҳунари Давлати Қатар пешкаши тамошобинон мегардад.Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 17- уми октябр боздиди ҳайати иштирокчиён аз шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст. ...
АСОСӢ, Хабарҳо

Имрӯз бахшида ба Рӯзи Фалак дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Садои дил» Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён баргузор мегардад

Имрӯз 10 -уми октябр бахшида ба Рӯзи Фалак дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Садои дил» Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории фестивал дарёфти истеъдодҳои нав ва намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд дар санъати мусиқии фалаксароӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии фалаксароён, тақвияту ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои фалаксароён, ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиши нозукиҳои ин санъат ва муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар фестивал ҳунармандон ва гурӯҳҳои фалаксароёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли фалаксароё...
Натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024
АСОСӢ, Вазир, Муовини аввали вазир, Хабарҳо

Натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024

Санаи 9-уми октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024 ҷаласа доир гардид. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо назардошти вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакатбаҳри иҷрои минбаъдаи стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва нақшаҳои қабулшуда чораандешӣ намуда, ҷиҳати таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон силсилаи тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, ба масъалаи бо тарзу мундариҷаи нав баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ баҳри солим нигоҳ доштани фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳанг, эҳё ва рушди фаъолияти тамоми равияҳо, шаклҳо ва намудҳои соҳаи фарҳанги...
АСОСӢ, Муовини вазир, Хабарҳо
Санаи 9-уми октябр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба "Рӯзи Фалак" чорабини бошукӯҳ таҳти унвони "Шоми Фалак" (Фалаки овозӣ) баргузор гардид. Қобили қайд аст, ки дар ин чорабинӣ китоби доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор- Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода бо номи "Асосҳои мусиқии классикии тоҷик" рӯнамоӣ карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии болозикр 10-уми октябр идомаи ёфта таҳти унвони "ФАЛАКИ СОЗӢ" соати 11:00 дар макони мазкур баргузор мегардад. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...