Фармонҳо

Адиби шинохта-Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид
АСОСӢ, Вазир, Президент, Фармонҳо, Хабарҳо

Адиби шинохта-Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид

Таваҷҷуҳ ва талошҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси оламгир гаштани фарҳанги миллати тоҷик шуда, баҳри эҳёи осори гаронбаҳои фарзандони баруманди гузаштаву имрӯзи тоҷик пайваста чораандешӣ карда мешавад. Дар идомаи дастгириҳои ҳамешагӣ адиби маъруф Темур Зулфиқоров бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд. Мукофоти давлатиро ба адиби маъруф Темур Зулфиқоров намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд. Қайд карда ба маврид аст, ки Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Темур Зулфиқоров аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград, вале баъдан ба таҳсилашро дар...