Ҳамкориҳо

Имрӯз “Ганҷинаи мерос” соати 19:00 баргуор мегардад
АСОСӢ, Вазир, Гардиши сарватҳои фарҳангӣ, Дохилӣ, Хабарҳо

Имрӯз “Ганҷинаи мерос” соати 19:00 баргуор мегардад

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди анъанаҳои хоси фарҳанги либоспӯшӣ ва баланд бардоштани арзиши милливу эстетикии он , такомули ҳавасмандгардонии ҳунармандону тарроҳон ва эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ 29 августи соли 2024 Фестивали намоиши либосҳои миллиро таҳти унвони “Ганҷинаи мерос” бо ҷалби беҳтарин тарроҳони мамлакат дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд. Макон Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе , оғоз соати 19:00 ...
Пардабардорӣ аз нимпайкараи шоири шаҳири қазоқ -Абай Кунанбоев дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи А.Фирдавсӣ
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо, Ҳамкориҳо

Пардабардорӣ аз нимпайкараи шоири шаҳири қазоқ -Абай Кунанбоев дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи А.Фирдавсӣ

Имрӯз бо пардабардорӣ аз нимпайкараи шоири шаҳири қазоқ -Абай Кунанбоев дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи А.Фирдавсӣ расман Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин маросим вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Баллаева Аида Галимовна , раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим инчунин аҳли адабу зиёӣ кишвар, дӯстдорону ҳаводорони эҷодиёти Абай Кунанбоев ширкат доштанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот анҷом доданд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо, Хориҷӣ

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот анҷом доданд

30 июл дар доираи чорабинии марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақонаи интихоботи Раисиҷумҳури Эронро ба Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Эрон муносибатҳои ду кишварро боз ҳам рушд хоҳанд дод. Дар идомаи суҳбат Президенти Ҷумҳур...
Ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои ИДМ дар Минск
АСОСӢ, Муовини вазир, Сафарҳои хориҷӣ, Хабарҳо, Хориҷӣ

Ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои ИДМ дар Минск

30 июли соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус Ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои аъзои ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи Раиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, интишору тавзеи китоб ва полиграфия, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф дар бораи фаъолияти Шӯрои мазкур дар давраи солҳои 2020-2023 шунида шуд.Шӯрои байнилавлатӣ тибқи қарори Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ 4 июни соли 1999 бо мақсади рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва полиграфия таъсис дода шудааст. Тавре Сафарзода Д. Ш. зикр кард, яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушз ҳамкориҳо дар соҳаи гуманит...