Мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон

4 январи соли 2024 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот анҷом дод.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба, баргузории Рӯзҳои фарҳангии ду кишвар ва самтҳои калидии ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз вазъи кунунии ҳамкориҳо иброз доштанд, ки бо истифода аз фарҳангу маънавиёти муштарак муносибатҳои судманд ва рушди равобити фарҳангиро боз ҳам тақвият хоҳанд дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *