Дар Муассисаи давлатии Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» идома дорад, ки 9 апрел ба анҷом мерасад.

Баргузории фестивалро масъулини Китобхонаи вилоятӣ ба номи Абуадуллоҳ Рӯдакӣ бар уҳда доранд. Давоми як ҳафта дар 14 муассисаи таълимии шаҳр маҳфилҳои гуногуни адабию мусиқӣ баргузор мешаванд.

Дар рӯзи аввали фестивал довталбон корҳои эҷодиашонро дар саҳни литсей ба намоиш гузоштанд. Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ асарҳои тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шоирону нависандагони муосири тоҷик гузошта шуда буд.

Иштирокдорони фестивал гурӯҳи адибони шинохтаи вилоят ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳрро бо барномаи хоссаи адабию мусиқӣ истиқбол гирифтанд.

Мудири бахши фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулдасташо Амирхонов изҳор дошт, ки «имсол ин фестивал ба гиромидошти хотираи неки Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар бахшида шудааст. Номи ин шоири маъруфи тоҷик ва яке аз поягузорони адабиёти бачагона барои сокинони ҷумҳурӣ шинос аст, зеро аксарияти мо бо шеъру достонҳои пурмазмуну пурҳикмати ин шоири ширинкалом ба воя расидаем. Қиссаву достон ва шеърҳои ин шоири тавоно бо забони содаву фасеҳ ва услуби дилкаши бадеӣ ҳам дар он замон ва ҳам имрӯз яке аз асарҳои дӯстдоштании халқи тоҷик ба шумор мераванд».

Дар ифтитоҳи фестивал ҳамчунин раиси бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан, шоирон Хушомади Алидод, Саодати Саидназар ва Гулнисои Атоӣ аҳаммияти чунин фестивалу озмунҳоро дар ташаккули тафаккури кӯдакону наврасон, баланд бардоштани завқи бадеии онҳо муҳим арзёбӣ намуда, яке аз ҳадафҳои чунин фестивалу озмунҳоро ҳарчӣ бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи насли наврас ба китобхонӣ унвон намуданд.

Иброз гардид, ки дар ҳар хонаводае, ки китоб аст, он ҷо маърифату фазилат ва фазои солим аст. Зеро китоб маҳсули ақлу заковат буда, омили асосии ҳифзи мероси гаронбаҳои тамаддуни башарӣ мебошад. Китоб ба инсон сухан ҷустану сухан суфтанро меомӯзад, доираи тафаккуру андешаро васеъ ва инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун менамояд.

Дар фарҷом ба як гурӯҳ хонандагони фаъол Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *