Дар се моҳи соли равон шумораи сайёҳони дохилию хориҷии ба вилояти Хатлон воридшуда 73605 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 7203 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёда аз 931 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 721 ёдгории бостонӣ, 124 ёдгории меъморӣ ва 86 ёдгории монументалӣ мебошад.

Ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилоят, аз қабили «Қалъаи Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш, мадрасаи «Хоҷа Машҳад»-и ноҳияи Шаҳритус ва шаҳраки «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён ба мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки диққати сайёҳонро ҷалб намудаанд.

Дар вилоят 118 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 139 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 368 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 50 меҳмонсарой (ҳомстей) ва гестхаус, 238 ташноби сарироҳӣ, 67 мағозаи фурӯши армуғонҳо ва 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Мавриди тазаккур аст, ки манзараҳои зебо, табиати дилфиребу нотакрор, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Хатлонзамин, рӯду чашмаҳои зулолу шифобахш ва дигар имконияту иқтидори сайёҳии ин минтақа, ба мисли шаршараи «Сари Хосор», кӯҳи «Чилдухтарон», «Чилучорчашма», «Димнаи Дақёнус», «Димнаи Кофирқалъа», «Димнаи Лағмон», «Аҷинатеппа», «Мадрасаи Хоҷа Машҳад», «Тахти Сангин», Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, мақбараи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Мақбараи Имом Зайналобиддин, мақбараи Хоҷа Дурбод, мақбараи Хоҷа Сарбоз, мақбараи Хоҷаи Нур, мақбараи Обидин, мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, мақбараи Мавлоно Қутбидин, мақбараи Шоҳи Хомӯш, мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ, мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, «Қалъаи Ҳулбук», «Қалъаи Мир», «Қалъаи Муъминобод», шаҳракаи Золи Зар, «Теппаи Қурғон», маскани Хонақоҳ, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», НБО –и «Норак» ва ғайра хеле машҳур буда, ҳар сол садҳо сайёҳ ба тамошо ин мавзеъҳои таърихию бостонӣ ва истироҳатӣ ба Хатлон меоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *