ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои давлати Қатар ҳамкориро тақвият медиҳанд

Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар ҳамкориро тақвият медиҳанд. Дар робита ба ин дар Давҳа байни Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»—и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Ин санад дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расид.
Ба имзо расидани ин санади муҳим имкон медиҳад, ки ҳамкории мутақобилан судманд байни Осорхонаи миллӣ ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар дар соҳаи осорхонашиносӣ тавсеа ёбад.
Ҳамзамон дар доираи Ёддошти тафоҳум тарафҳо метавонанд бозомӯзии мутахассисони соҳаи кори осорхонавиро дар самти тармим ва таҳкими ашёи нодири таърихӣ (осори коғазӣ, филизӣ, чӯбӣ, гаҷӣ, наққошӣ ва ғайра), нашри феҳристи осори миллӣ, роҳнамои осорхонавӣ, муҷаҳҳаз гардонидани толорҳои экспозитсионӣ бо аудиогидҳо бо забонҳои арабӣ, тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва баргузории намоишҳои осорхонавӣ, семинарҳо, симпозиумҳо, конфронсҳо ва анҷуманҳои муштарак доир ба масъалаҳои ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ амалӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар бо иштироки Сарони давлатҳо аз рӯи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.