Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардиданд

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як либоси варзишӣ (футболка) бо нақшу нигори миллӣ, парчами давлатӣ ва навиштаҷоти «Эмомалӣ Раҳмон», инчунин як тӯб бо соядасти футболбозон ва рамзи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод, туҳфаҳои нодир дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Туҳфаҳо дар толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар гӯшаи алоҳида тибқи муқаррароти осорхонавӣ ба маъраз гузошта шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки либоси варзишӣ ва тӯб 22 январи соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва вохӯрии Пешвои миллат бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол аз ҷониби намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим гардида буд.