НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 барои ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ хотирмон гардид

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - nishasti-Rayosati-far-angiVMKB-2.jpg

ХОРУҒ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 барои ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров соли бобарор буд. Дар ин сол ҳам дар барномаҳои консертӣ ва ҳам намоишҳо тамошобинони зиёде иштирок доштанд. Соли гузашта бештар аз 7 ҳазор тамошобин ба театр омад, ки аз ин ҳисоб 200 ҳазор сомонӣ ба буҷаи театр маблағ ворид шуд. Дар ин хусус сардори Раёсати фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулдасташоҳ Амрихонов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Сардори Раёсати фарҳанги вилоят гуфт, ки соли гузашта бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нахустин маротиба ба вилоятҳои Хатлону Суғд сафари ҳунарии мукаммал анҷом дода шуд. Ба гуфтаи ҳунармандон, дар ҳамаи шаҳру ноҳияи ин минтақаҳо онҳоро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ҳунармандони театр ба ин сафари ҳунарӣ чанд моҳ омодагӣ дида, барномаи мусиқӣ-адабӣ ва порчаҳо аз чанд намоишро таҳия ва пешкаши сокинони вилоятҳои Суғду Хатлон гардониданд.
Ҳамчунин дар ин сол ҳунармандони театри вилоятӣ дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту” бо намоиши “Савдо” иштирок намуда, мақоми сеюмро гирифтанд.
Ҷоиза барои “Беҳтарин нақши мардона” ба Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҷобиршо Хубоншоев, ки дар ин намоиш нақши асосиро бозид, дода шуд.