Матбуот

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷӯён созҳои миллӣ таълим дода мешаванд
Матбуот, Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷӯён созҳои миллӣ таълим дода мешаванд

Соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 18 нафар омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов фаъолона иштирок намуда, 4 нафар сазовори ҷоиза ва туфаҳои хотиравии озмун шуданд. Аз ҷумла, омӯзгори сози най Фазлиддин Одинаев дар номинатсияи иҷрокунандагии созӣ соҳиби мақоми баландтарин- «Шоҳҷоиза»-и озмун гардид. Дар ин хусус директори Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб Шариф Бедаков зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб студияи сабти овоз амал менамояд, ки дар он аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷўён созҳои санъати тоҷик таълим дода мешаванд.Ҳоло дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб 106 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки 63 нафар тариқи рӯзона ва 43 на...
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 барои ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ хотирмон гардид
Матбуот

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 барои ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ хотирмон гардид

ХОРУҒ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 барои ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров соли бобарор буд. Дар ин сол ҳам дар барномаҳои консертӣ ва ҳам намоишҳо тамошобинони зиёде иштирок доштанд. Соли гузашта бештар аз 7 ҳазор тамошобин ба театр омад, ки аз ин ҳисоб 200 ҳазор сомонӣ ба буҷаи театр маблағ ворид шуд. Дар ин хусус сардори Раёсати фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулдасташоҳ Амрихонов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.Сардори Раёсати фарҳанги вилоят гуфт, ки соли гузашта бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нахустин маротиба ба вилоятҳои Хатлону Суғд сафари ҳунарии мукаммал анҷом дода шуд. Ба гуфтаи ҳунармандон, дар ҳамаи шаҳру ноҳияи ин минтақаҳо онҳоро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд...
Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ
Матбуот

Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ

ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ҳафтаи сипаришаванда воситаҳои ахбори оммаи чопии мамлакат рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзиширо инъикос намуданд. Зимнан, дар ин рӯзҳо таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид. Сафари давлатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар, мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои давлатии Қатар, ба имзо расидани якчанд созишномаи ҳамкорӣ, ҳамчунин ғалабаи таърихии дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футбол дар мусобиқоти Осиё аз муҳимтарин рӯйдодҳо буданд, ки дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ инъикос шуданд.Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 22 январи соли 2024 дар баробар...