ИДИ САДА ДАР СУҒД. Як зумра кишоварзони вилоят барои дастоварҳои назаррас дар соҳа ҳавасманд гардонида шуданд

Дар вилояти Суғд иди Сада таҷлил шуда, ярмарка-фурӯши ниҳол, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, кӯчату тухмии гулу зироат ва дигар маҳсулот баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар ҷашнгоҳ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин Сарраёсати кишоварзӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳти зист, Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, Иттифоқи ҷамъиятҳои «Тоҷикматлубот» ва дигар ташкилоту идораҳо маҳсулоти нонию қаннодӣ, таомҳои миллӣ, маҳсули дасти ҳунармандон, кандакорону оҳангарон, сӯзанидӯзону тарроҳон ба намоиш гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд бо хаймаҳои идона шинос шуда, иштирокдорони ҳамоиш ва сокинони вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашни суннатии мардуми тоҷик — Cада, ки таърихи хеле куҳан дошта, имрӯзҳо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи дубора ёфтааст, табрик гуфт.
Тазаккур дода шуд, ки дар вилоят дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ соҳаи кишоварзӣ рушд намуда, соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 18 миллиарду 495,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 2 миллиарду 426,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ташкили саривақтии кор ва заҳмати шабонарӯзии марди деҳқон буд, ки соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли номгӯи асосии маҳсулот, аз ҷумла ғалладона 409,8 ҳазор тонна, картошка 600 ҳазор тонна, сабзавот 649,1 ҳазор тонна, полезӣ 221,8 ҳазор тонна, мева 222,5 ҳазор тонна, ангур 53 ҳазор тонна, гӯшт 85,8 ҳазор тонна, аз он гӯшти паранда 21,4 ҳазор тонна, шир 293,4 ҳазор тонна, асал 1577 тонна, моҳӣ 1002 тонна ва тухм ба 766 миллиону 792 ҳазор донаро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2022 зиёд мебошанд.
Дар ярмарка-фурўши ниҳолҳои гуногун, дарахтони мевадиҳандава гулу гулбуттаҳои ороишӣ пешниҳоди сокинон гардонда шуда, як зумра намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.