Дар Бадахшон ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳавасманд гардиданд

ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими қадрдонии варзишгарон, мураббиён, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин мақомот.
Гуфта шуд, ки ҳанӯз аз оғози солҳои аввали истиқлолият ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар меҳвари сиёсат ва диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин замина барои дастгирии ин қишри ҷомеа тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешида шуданд. Дар доираи қабул ва татбиқи якчанд барнома, консепсияю стратегия дар соҳаи сиёсати ҷавонон дар самти тарбияи ватандӯстӣ, таҳсил ва маърифатнок намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир амалӣ шуданд.
Таъкид шуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти варзишӣ бо тамоми сатҳу сифат сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят варзишгоҳи марказӣ ва маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, варзишгоҳҳо дар марказҳои ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа, қасрҳои варзишӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷу Рӯшон ва бештар аз 30 толору майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди истифода қарор дода шуда, ин иқдом идома дода мешавад.
Дар айни замон дар қаламрави вилоят 407 иншооти варзишӣ, аз ҷумла як маҷмааи варзишӣ, 71 толори варзиш, 307 майдончаи одии варзишӣ, 11 варзишгоҳ, 3 қасри варзишии «Вастан» фаъолият менамоянд. Дар баробари ин, дар вилоят 11 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3814 варзишгар, аз ҷумла 732 духтар амал менамоянд. Бо дастури Сарвари давлат, то соли 2030 бунёди 81 майдонча ва 87 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдом ба рушди минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар соҳаи варзиши вилоят 16 Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 120 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 Устоди дараҷаи байналмилалӣ, 154 номзад ба Устоди варзиши Тоҷикистон ва 500 дорандаи дараҷаи якуми варзиш ба тарбияи кадрҳо машғул мебошанд. Давоми соли гузашта варзишгарони вилоят дар 63 мусобиқа ва чемпионати ҷумҳуриявӣ, 8 мусобиқаи байналмилалӣ, 2 мусобиқаи Осиё ва 2 чемпионати ҷаҳон иштирок намуда, сазовори 318 медал, аз ҷумла 78 медали тилло, 108 медали нуқра ва 132 медали биринҷӣ гардиданд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи бо сипоснома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар идома аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангини консертиро манзури ҳозирин гардониданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *