Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси дастовардҳои ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар Осорхонаи миллӣ» намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, намояндагони вазорату ниҳодҳои марбутаи мамлакат ва гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Муҳаммадҷон Ҳакимзода иштирок намуданд.
Дар намоиш асарҳое, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2023 аз номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ба тамошо гузошта шудаанд.
Бояд гуфт, ки соли 2023 озмун аз рӯйи 5 номинатсия – композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуда, номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор гардиданд. Дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ иштирок намуданд.
Тибқи низомнома, асарҳое, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли 2023 аз номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн ғолиб дониста шудаанд, ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.