Мурат Нуртлеу бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд

Муовини Сарвазир- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик шинос шуд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Мурат Нуртлеу ва ҳайати ҳамроҳонаш тавассути сайри осорхонавӣ бо табиати биҳиштосо, таъриху фарҳанги пурғановат, расму ойин ва ҳунарҳои миллии халқи тоҷик аз наздик шинос гардиданд.
Баъди сайри осорхонавӣ муовини Сарвазир-Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу ҳамчун анъана дар китоби таассуроти «меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро дарҷ намуд.