ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Якшанбе

24 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

Теъдоди сайёҳон дар Хуҷанд меафзояд

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки мадфани  шоир Камоли Хуҷандӣ  аз шаҳри Табрези Эрон дастрас гардид, ки онро 21 марти соли 2015 ба муносибати таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатӣ ба мақбараи рамзӣ гузоштанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин чорабинии бошукӯҳ иброз доштанд, ки шоири тавоно ва донишманди ирфону адаби Машриқзамин Камолуддин Абуаҳмади Муҳаммад, маъруф ба Камоли Хуҷандӣ, шайх Камол ё Хоҷа Камол низ аз зумраи парвардагони домони поки Хуҷанди бостонист, ки ба андешаи соҳибназарон «то забони тоҷикиву шеъри тоҷикӣ побарҷост, оромгоҳи ӯ гулборон ва рӯҳаш нурборон хоҳад монд». Боиси ифтихори аҳли адаб ва мардуми тоҷик аст, ки ин шоири озода ва вораста дар муҳити адабии Хуросону Мовароуннаҳр ҳамчун устоди ғазалҳои саршор аз меҳри Ватану ватандорӣ эътироф шуда, ғазалиёти ӯ аз лиҳози бандубасти адабӣ ва фасоҳату балоғат дар ҳадди камол қарор доранд ва ба сифати намунаи олии осори лирикии адабиёти тоҷику форс шинохта шудаанд.

 Гумбази муҳташаму осмонии мақбараи шоирро шонздаҳ сутуни мармарии сафеду сурх бар душ дорад. Баландии он 25 метр аст. Дар назди мақбара  ҳайкали шоир қомат афрохтааст, ки баландиаш 13 метр буда, онро ҳайкалтарош Даврон Раҳматзода сохтааст. Ҳамзамон, бо ҳидоят ва иқдоми наҷибу адабпарваронаи Сарвари давлат ҳавлӣ ва чорбоғи меросии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ барқарор ва Боғи адабию фарҳангии ба номи ин ситораи осмони адаб таҷдид карда шуд.

 Иброҳим Иброҳимов, директори кулли Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», иброз дошт, ки имрӯз муассисаи мазкур ба зиёратгоҳи асосии шаҳри бостонии Хуҷанд табдил ёфтааст.

 - Бояд зикр кард, ки донистани таърихи ин ё он давлат, минтақа ва ё шаҳр аз осорхона оғоз меёбад. Мо соли гузашта 90 - солагии Осорхонаи таърихиро таҷлил намудем, ки ин аввалин осорхона дар Тоҷикистон аст. Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд бошад, таърихи шаҳр, қалъа ва куҳандизи онро нишон медиҳад. Дар он бозёфтҳои 2500 - солаи шаҳри Хуҷанд маҳфузанд, - иброз дошт Иброҳим Иброҳимов. Воқеан, бо сохтани мақбараву Хона - музей ва насби ҳайкали Хоҷа Камол боғи фарҳангию фароғатӣ ба макони муқаддас табдил ёфт, ки имрӯз зиёратгоҳи хосу ом аст. Байти шоир ишора ба мақоми баланди худи ӯст:

 Гар биҷӯянд ба сад қарн наёбанд, Камол,

 Булбуле чун ту хушилҳом ба чаманҳои Хуҷанд

Мунаввари САФАР

«Ҷумҳурият»

Сана: 30.08.2017 10:20:00