ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Шанбе

18 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

"ТАРАННУМИ ҶАВОНӢ ВА САОДАТ" ҶАМЪБАСТ ГАРДИД"

Даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» санаи 4.11.2017 ҷамъбаст гардид. Нахуст, пеш аз оғози Фестивал дар долони даромадгоҳи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода китоби "Ҷавонон пайрави Эмомалӣ Раҳмон" рӯнамоӣ карда шуда, ҳамзамон дастовардҳои олимони ҷавон дар Соли ҷавонон ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар оғози қисмати расмии чорабинӣ бошад ба 10 нафар олимони ҷавон тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ супорида шуд. 

Бояд гуфт, даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» дар толори асосии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода бо намоиши 30 номераи консертӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз тантанаҳои асосӣ ва ҷамъбастии «Соли ҷавонон» маҳсуб меёбад.

Фестивал бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Мақсади Фестивал - сазовор таҷлил намудани «Соли ҷавонон», дар замири кӯдакону наврасон ва ҷавонон тарбия намудани ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва санаҳои барои миллати тоҷик тақдирсоз, ки тавонист саодати миллати тоҷикро таъмин намояд, мукаммал намудани захираи кадрӣ баҳри рушди ояндаи санъати касбии Тоҷикистон, ташаккул додани нерӯи эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагӣ (навозандагиву сарояндагӣ) ва композиторӣ, тарғибу ташвиқи ҷавонӣ ва ҳунари асил, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва маҳорату малакаи касбӣ мебошад.

Муҳайё намудани шароити мусоид барои ривоҷу равнақи эҷодиёти бадеии ҷавонон, санъати мусиқии касбии миллӣ ва ҷаҳонӣ, ғанӣ гардонидан ва фаъол намудани тафаккури бадеӣ, қавӣ сохтани меъёрҳои ахлоқӣ барои тарбия намудани насли ҷавон баҳри густариши маънавиёти ҷомеаи имрӯзаю ояндаи Тоҷикистон ва шакл гирифтани коллективҳои нави эҷодии кӯдакону наврасон аз ҳадафҳои муҳими Фестивал аст.

Ҳунарнамоии ҳар як иштирокчии Фестивал аз тарафи ҳайати бонуфузи ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Наврасону ҷавонон бо шавқи зиёд ва таваҷҷуҳи хоса дар давраҳои шаҳрию вилоятии Фестивал иштирок намуданд.

Чорабинии нахустин дар доираи Фестивал рӯзи 7-уми октябри соли 2017 дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон баргузор гардид. Ҳунармандони наврасу ҷавони вилоят 25 номгӯйи барномаи ҳунариро ба намоиш гузоштанд.

Чорабинии дигар дар толори Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён»-и вилояти Суғд рӯзи 14-уми октябр баргузор шуд. Барномаи консертии вилоятӣ аз 28 барномаи ҳунарӣ иборат буд.

Хонандагон ва донишҷӯёни мактабу коллеҷҳои махсуси бачагонаи мусиқӣ, санъат ва фарҳангии шаҳри Душанбе рӯзи 25-уми октябр ҳунару маҳорати касбии худро дар доираи 38 барномаи ҳунарӣ намоиш доданд.

Даври минтақавии Фестивал дар ноҳияи Рашт рӯзи 28-уми октябр бо фарогирии 20 барномаи ҳунарӣ сурат гирифт. Ҳамин гуна чорабинӣ дар мактабҳои мусиқии ВМКБ низ баргузор карда шуд.

Иштирокчиён таъкид мекунанд, ки имрӯз маҳз бо шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Соли ҷавонон» мо аз ҷавонӣ тараннум мекунем ва шукрона аз фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ менамоем. Шиори мо – поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол! Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд аз ҷавонӣ ва саодате, ки бароямон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардааст, тараннум намоем.

Фестивал имконияти хуби дарёфти чеҳраҳои ҷавон дар соҳаи фарҳангу ҳунар мебошад. Иштирокчиёни Фестивал аз рӯйи намудҳои сарояндагӣ, навозандагӣ ва композиторӣ ҳунари хешро пешниҳод намуданд.

Ғолибони Фестивал бо Диплому Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.

www.sozandagon.tj

Сана: 09.11.2017 10:00:00