ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Шанбе

18 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

Навраси тоҷик ғолиби ҷашнвораи ҷаҳонии сарояндагӣ дар Озарбойҷон шуд

Навраси тоҷик дар ҷашнвораи ҷаҳонии сарояндагони муғам сазовори ҷойи дуввум гардид, гузориш медиҳад Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ,  25 октябри соли равон дар шаҳри Боку маросими ниҳоии ҷашнвораи 9-уми байналхалқии сарояндагони муғам миёни кӯдакон баргузор гардид.

Ҷашнворааз соли 2009 то ин ҷониб дар Озарбойҷон доир мегардад, ки мақсад аз ин фестивал муайян кардани маҳорати ҷавонон, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ буда, он ба ҷавонони кишварҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки бо фарҳанг ва санъати Озарбойҷон ошно гарданд.

Дар озмуни мазкур, наврасони то сини 16 сола аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Алҷазоир, Миср, Эрон, Қазоқистон, Туркия, Тунис, Туркманистон ва Узбекистон ширкат карданд.

Тоҷикистонро дар фестивал Абдуқаҳор Ғафуров муаррифӣ карда, бо забони озарӣ мусиқии "Таснифи чоргоҳ"-ро иҷро намуда, сазовори ҷои дуюм гардид.

Sputnik

Сана: 31.10.2017 12:00:00