ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Шанбе

18 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

НАВОИ ВАҲДАТ. Барои беҳтарин асар дар бораи ҷаласаи таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон озмун эълон гардид

Дар Тоҷикистон барои беҳтарин суруд ва беҳтарин асари мусиқӣ бахшида ба 25-умин солгарди ҷаласаи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ташаббускорони озмуни «Навои ваҳдат» Кумитаи иҷроияи ҳаракати ҷамъиятии «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳадаф аз ташкили озмун тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат дар бунёд ва таҳкими давлати нави тоҷикон, эҳсоси ифтихор аз Ватани маҳбуб ва мероси бойи ниёгон мебошад.

Ташкилкунандагон ҳамчунин мақсад доранд, ки тавассути озмуни мазкур оҳангсозони ҷавони боистеъдодро пайдо ва жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро тарғиб намоянд.

Сана: 28.10.2017 18:55:13