ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Якшанбе

24 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навиди фарҳангии хориҷа

Дар Малайзия Наврӯзи байналмилалиро хотирмон таҷлил карданд

Дар Малайзия маросими ботантанаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Музаффар Муҳаммадӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия хабар дод.

Тавре сафир иттилоъ дод, таҷлили иди Наврӯз бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ситӣ гузаронида шуд. Инчунин ӯ зикр намуд, ки дар маросими ботантанаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки муқими Малайзия ҳастанд, ширкат намуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Сафорат гӯшаи фарҳангӣ бо намунаи осори ҳунарии аҷдодӣ, китобҳо оид ба фарҳанги мардуми Тоҷикистон, намунаи чакан, сангҳои маҳаллӣ, асбобҳои мусиқии тоҷикӣ ва нақшу нигори қадимӣ ба намоиш гузошта шуданд.

АМИТ «Ховар»

Сана: 05.04.2017 11:06:15