Таҷлили Рӯзи Парчам дар Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ Рӯзи Парчам бо як шукуҳу шаҳомати хос истиқбол ва таҷлил карда мешавад.Вобаста ба ин, имрӯз дар Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ барномаи консертӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-мазҳари ман” баргузор гардид.Дар ин барномаи бошукуҳ роҳбарияти Вазорати фарҳанг,зерсохторҳо ва дигарон иштирок намуда, ба барномаи омоданмудаи устодону шогирдони ин боргоҳ баҳои баланд доданд.Қайд кардан бамаврид аст, ки барнома фарогири рақсу навозиш,суруду таронаҳои ватандӯстӣ буд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
...