Вазир

Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе”
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе”

Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун як падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширону нависандагони кишварҳои дӯст баргузор мешавад. Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” имрӯз дар Осорхонаи миллӣ оғоз ёфт ва то 24-уми октябри соли ҷорӣ идома меёбад. Дар маросими ифтитоҳи ин чорабинии бошукуҳ роҳбарияти Вазорати фарҳанг, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд. Қайд бояд кард, ки дар ин намоишгоҳ ба ғайр аз ноширони ватанӣ ноширону адибон аз кишварҳои дӯсти Тоҷикистон –Федератсияи Россия,Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон,ҷумҳуриҳои Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва Ҳиндустон бо беҳтарин намунаҳои китоб...
Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Қатар
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Қатар

Имрӯз дар доираи баргузори Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар-Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ баргузор гардид. Ҳайати меҳмонон бо осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардид.
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо
Имрӯз дар доираи баргузори Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар-Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ баргузор гардид. Ҳайати меҳмонон бо осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардид.
Имрӯз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Давлати Қатар -Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқот намуданд
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Имрӯз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Давлати Қатар -Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқот намуданд

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Давлати Қатар -Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқот намуданд.Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба таҳкими робитаҳои фарҳанги миёни ду давлат баррасӣ гардида вобаста ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ муколама доир гардид.Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар дар Майдони 800- солагии Москва, инчунин Маросими ифтитоҳи Рӯзҳо дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади амалисозии созишномаи байнидавлатии Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳо...
Аз 16- ум то 18- уми октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
АСОСӢ, Вазир, Сафарҳои дохилӣ, Сафарҳои хориҷӣ, Хабарҳо

Аз 16- ум то 18- уми октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад

Бо мақсади амалисозии созишномаи байнидавлатии Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ аз 16- ум то 18- уми октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.Зимни чорабинӣ рӯзи 16- уми октябр вохӯрии вазирони фарҳанги ду кишвар дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар дар Майдони 800 солагии Москва, инчунин Маросими ифтитоҳи Рӯзҳо дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.Рӯзҳои 17-ум ва 18-уми октябр соати 18:30 барномаи фарҳангии аҳли ҳунари Давлати Қатар пешкаши тамошобинон мегардад.Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 17- уми октябр боздиди ҳайати иштирокчиён аз шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст. ...
Натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024
АСОСӢ, Вазир, Муовини аввали вазир, Хабарҳо

Натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024

Санаи 9-уми октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024 ҷаласа доир гардид. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо назардошти вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакатбаҳри иҷрои минбаъдаи стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва нақшаҳои қабулшуда чораандешӣ намуда, ҷиҳати таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон силсилаи тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, ба масъалаи бо тарзу мундариҷаи нав баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ баҳри солим нигоҳ доштани фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳанг, эҳё ва рушди фаъолияти тамоми равияҳо, шаклҳо ва намудҳои соҳаи фарҳанги...
Роҳбарияти Вазорати фарҳанг  ба дидорбинии Ҳунармандони халқии Тоҷикистон  Сафарбегим Тошхӯҷаева ва Майсара Дилдорова рафтанд
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Роҳбарияти Вазорати фарҳанг ба дидорбинии Ҳунармандони халқии Тоҷикистон Сафарбегим Тошхӯҷаева ва Майсара Дилдорова рафтанд

"Тоҷикистон кишвар бой аст, вале боигарии асосии он фарзандони бо нангу номус , ватандӯсту хештаншинос ва фарҳангдӯсташ мебошанд". Бо такя ба ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз роҳбарияти Вазорати фарҳанг Ҳунармандони халқии Тоҷикистон Сафарбегим Тошхӯҷаева ва Майсара Дилдороваро аёдат намуданд. Қобили қайд аст, ки нақши ин ду ҳунарманди маҳбубу хизматнишондода дар рушд ва муаррифии фарҳанги миллӣ беназир аст. Сафарбегим Тошхӯҷаева солҳои 1964—1991 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ ба ҳайси сароянда фаъолият доштааст ва сурудҳои мондагоре ба хазинаи тиллоӣ бахшидааст. Ис­теъ­до­ди сарояндагии Майсара Дилдорова, махсусан дар иҷрои су­руд­ҳои лирикӣ бештар зоҳир гардидааст. Барно­маҳои эҷо­...
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 ҷамъбаст гардид
АСОСӢ, Вазир, Озмунҳо, Тоҷикистон-Ватани азизи ман, Хабарҳо

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 ҷамъбаст гардид

Санаи 5-уми октябр Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоизаи озмун ба маблағи 50 000 cомониро панҷ нафар иштирокчии фаъоли озмун — дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ Фурқат Тоиров, дар номинатсияи сарояндагӣ Фархунда Ғайбуллоева, номинатсияи навозандагӣ Ҷалолиддин Абдулоев, номинатсияи санъати тасвирӣ Муҳаммадшариф Низомзода ва дар номинатсияи дизайн Нармин Мирзоева соҳиб гардиданд. Ҳамагӣ ба панҷ нафар ғолиб 250 ҳазор сомонӣ тақдим гардид, Инчунин иштирокчиёни фаъол аз рӯйи се номинатсия — композиторӣ (оҳангсозӣ), сарояндагӣ, навозандагӣ (дар ҳар номинатсия се жанр вобаста ба синну сол) муайян гардида, ба ғолибони ҷойи якум- як нафар (35 ҳазор сомонӣ), ҷойи дуввум- ду нафар (25 ҳазор сомонӣ) ва ҷойи сеюм- ду нафар (15 ҳазор сомонӣ) ту...
Мулоқоти судманд
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Мулоқоти судманд

3-юми октябр дар Вазорати фарҳанг мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович доир гардид.Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили шумораи зиёди квотаҳо ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Беларус баррасӣ шуданд.Ҷонибҳои аз ҳамкориҳои пурсамари мутақобилан судманд изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, таъкид сохтанд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда, боз ҳам бештар тавсеа меёбад. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара»
АСОСӢ, Вазир, Президент, Сафарҳои дохилӣ, ТЕАТР, Хабарҳо

Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара»

19 сентябр бо гузоштани санги асос аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохтмони бинои 3 ошёнаи Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара» оғоз шуд.Тибқи лоиҳа бинои театр аз 4 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд, ки дар умум дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст бояд шаванд. Толори асосӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир шуда, бо 1 ҳазору 100 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюм ду ва дар ошёнаи сеюм бошад, як толори дигари намоишӣ сохта хоҳад шуд. Ҳангоми муаррифии лоиҳаи бинои театр ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии толори асосӣ 18 метр шуда, он ҳ...