Хабарҳо

«Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Хабарҳо

«Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт

Бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд. Дар он иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.Иброз гардид, ки мақсад аз қабули «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» ба танзим даровардани масоили ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ, муайян намудани мақоми ҳуқуқии ҳар ёдгорӣ, андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқии онҳо, дарёфти роҳҳои истифодаи дуруст ва самараноки ҳар иншооти таърихӣ, ташвиқу тарғиб ва ворид намудани онҳо...
ИҚДОМ: «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад
Хабарҳо

ИҚДОМ: «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо ташаббуси академик Бобоҷон Ғафуров соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хати ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид.Ҳамзамон изҳор доштанд, ки бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров солҳои 1963 – 1965 бори аввал асари илмии «Таърихи халқи тоҷик» дар се ҷилду панҷ китоб омода ва нашр гардид, ки дар ҳаёти илмиву фарҳангии мамлакати мо рӯйдоди бесобиқа буд.Ҳамз...
Баррасии масъалаҳои муҳим дар шурои миллии таҳсилот
Хабарҳо

Баррасии масъалаҳои муҳим дар шурои миллии таҳсилот

29 ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорат, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсии Шуро, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда баргузор гардид.Дар ҷаласаи навбатии Шуро масъалаҳои тавсияи адабиёти таълмии барои баррасӣ пешниҳодгардида, консепсияи китобҳои дарсии фанни забони русӣ барои синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикӣ, вазъи таълиму тарбия ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе, «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои ...
Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи НБО-и «Роғун»
Хабарҳо

Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи НБО-и «Роғун»

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба имзо расонида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Созишнома имрӯз дар вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдураҳмон Ал-Маршад ба имзо расид. Ҳадафи асосии созишнома- ин иштирок дар маблағгузории сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷиҳати таъмини неруи барқи барқароршаванда барои афзоиши истеҳсоли неруи «сабз» ва пешбурди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон мебошад.Арзиши умумии созишнома 100 млн доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ мегардад. Зимни вохӯрии Файзиддин Қаҳҳорзода ва Султон Абдураҳм...
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Урали Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Хабарҳо

Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Урали Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

Байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Урали Федератсияи Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ.Созишнома 28 ноябр зимни ташрифи намояндагони Донишгоҳи федералии Урали Федератсияи Русия ба Академияи идоракунии давлатӣ аз ҷониби ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода ва ректори Донишгоҳи федералии Урал Виктор Кокшаров ба имзо расид.Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи ду муассиса ҳамчун ҷузъи муҳими рушди иқтидори илмӣ ва зеҳнии онҳо иброз намуданд.Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ ва шарикии ин ду муассисаи олии таълимӣ сабаби баланд гардидани иқтидори илмӣ ва илмиву таҳқиқотии онҳо гашта, дар оянда қадами усту...
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорони ҷавон баргузор гардид
Хабарҳо

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорони ҷавон баргузор гардид

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон» ва олимпиада оид ба информатика аз ҷониби Парки технологии донишгоҳ гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.Ҳамасола аз тарафи Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқ ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ дар як сол ду маротиба озмун гузаронида мешавад. Як маротиба бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами д...
Сафири Тоҷикистон бо волии вилояти Айдини Туркия мулоқот намуд
Хабарҳо

Сафири Тоҷикистон бо волии вилояти Айдини Туркия мулоқот намуд

1 декабр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов дар доираи сафар ба минтақаи баҳри Эге бо волии вилояти Айдин Якуп Ҷанболат мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз қабили рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ба роҳ мондани тамосҳои мустақим байни минтақаҳо ва тақвияти ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд. ...
Пагоҳ дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад
Хабарҳо

Пагоҳ дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад

Пагоҳ, соати 10:00 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир гардиданд. Аз ҷумла, ба ин муносибат дар мамлакат вобаста ба ҳаёту фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров нишасту ҳамоишҳо доир шуда, нашри китобу мақола оид ба нақши китоби «Тоҷикон» дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ амалӣ шуд.Инчунин моҳи декабр даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ҷамъбаст гардида, ғолибону ҷоизадорони он қадрдонӣ шуданд.Бобоҷон Ғафу...
Иштирок ва суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ
Хабарҳо

Иштирок ва суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28) дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ карданд.Дар ҳамоиш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, сарони як қатор кишварҳо ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок карданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки кишварҳои мо имсол дар остонаи баррасии ҳамаҷонибаи татбиқи Барномаи амали Вена барои даҳсолаи 2014-2024 барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ қарор доранд. Бинобар ин соли равон барои мо марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад.Изҳори...
НАТИҶАИ АСОСИИ XI-УМИН «ФОРУМИ ФАРҲАНГҲОИ МУТТАҲИД»
Хабарҳо

НАТИҶАИ АСОСИИ XI-УМИН «ФОРУМИ ФАРҲАНГҲОИ МУТТАҲИД»

Иштирокчиёни нӯҳумин Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург - Форуми фарҳангҳои муттаҳид - роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои расмии хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи касбии соҳаи фарҳанг, ки аз 16 то 18 ноябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷамъ омада буданд, эъломияеро ки барои ташаккули инфрасохтори умумии байналмиллалӣ, дастгирии бахшҳои миллии фарҳанг ва санъати кишварҳои иштирокчии Форум зарур аст, инчунин ҷиҳати таъмини рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи фарҳангии онҳо равона шудааст, ба имзо расониданд. Иштирокдорон таъкид доштанд, ки мафҳуми фарҳанг на танҳо санъат ва адабиёт, балки тарзи зиндагӣ, ҳуқуқ ва арзишҳои бунёдии инсон, анъана ва эътиқодро дар бар мегирад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин чорабинии сатҳӣ ҷаҳонӣ, XI-УМИН «ФОРУМИ ФАРҲАНГҲОИ МУ...