Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорони ҷавон баргузор гардид

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон» ва олимпиада оид ба информатика аз ҷониби Парки технологии донишгоҳ гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамасола аз тарафи Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқ ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ дар як сол ду маротиба озмун гузаронида мешавад. Як маротиба бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ва маротибаи дуюм бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз.
Имсол озмун 1-2 декабр гузаронида мешавад.
Ғолибони он бо мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *