Хабарҳо

НАТИҶАИ АСОСИИ XI-УМИН «ФОРУМИ ФАРҲАНГҲОИ МУТТАҲИД»
Хабарҳо

НАТИҶАИ АСОСИИ XI-УМИН «ФОРУМИ ФАРҲАНГҲОИ МУТТАҲИД»

Иштирокчиёни нӯҳумин Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург - Форуми фарҳангҳои муттаҳид - роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои расмии хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи касбии соҳаи фарҳанг, ки аз 16 то 18 ноябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷамъ омада буданд, эъломияеро ки барои ташаккули инфрасохтори умумии байналмиллалӣ, дастгирии бахшҳои миллии фарҳанг ва санъати кишварҳои иштирокчии Форум зарур аст, инчунин ҷиҳати таъмини рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи фарҳангии онҳо равона шудааст, ба имзо расониданд. Иштирокдорон таъкид доштанд, ки мафҳуми фарҳанг на танҳо санъат ва адабиёт, балки тарзи зиндагӣ, ҳуқуқ ва арзишҳои бунёдии инсон, анъана ва эътиқодро дар бар мегирад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин чорабинии сатҳӣ ҷаҳонӣ, XI-УМИН «ФОРУМИ ФАРҲАНГҲОИ МУ...
НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБ ДАР АЛМААТО
Хабарҳо

НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБ ДАР АЛМААТО

Субҳи имрӯз дар Маркази намоишгоҳии "Атакент-Экспо"-и шаҳри Алмаато маросими ифтитоҳи "Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии китоб ва интишороти Қазоқистон" таҳти унвони "Бо роҳи бузурги абрешим - 2023" баргузор шуд. Дар қатори ноширони кишварҳои Федератсияи Россия, Туркия, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Озарбойҷон ва дигарон ноширони Тоҷикистонро нашриётҳои "Адиб", "Ирфон" ва Сарредаксияи илмии "Энциклопедияи миллии тоҷик" намояндагӣ мекунанд. Ноширони тоҷик қариб сад унвон китобҳои бадеӣ, таърихӣ, публисистӣ ва донишномаҳоро дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ ба маърази диди алоқамандони китоб гузоштаанд. Кори Намоишгоҳ то 24 ноябр идома хоҳад кард. ...