Без рубрики

Без рубрики

05.04.2024, с.15:30

Сурат-гузориш аз идомаи сафари ҳайъати Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон ба ноҳияи Данғара ва истиқболи гарми меҳмонони азиз аз ҷониби роҳбарияти ноҳия, сокинон ва бошандагони шарафманди он!
Без рубрики

05.04.2024 ҳайъати Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Норак ташриф оварданд.

Ҳайъати мазкурро муовини Вазири фарҳанг- Шарифзода Манучеҳр ва дигар роҳбарони зерсохторҳои вазорат ҳамроҳӣ мекунанд. Дар маркази шаҳри Норак меҳмонони азизро Раиси шаҳр -Фирӯза Шарифӣ ва сокинони шарафманди он бо як олам самимияти тоҷикона истиқбол намуданд. Аз истиқболи гарму тоҷикона меҳмонон ба ваҷд омада бо ҳунармандону мутрибон ҳамроҳ гардида сурудҳои тоҷикиро пешниҳоди ҷамъомадагон гардониданд,ки ин далели эҳтирому арҷгузорӣ ба санъату фарҳанги тоҷик аст. Қобили қайд аст, ки ҳайъати мазкур аз обанбори Норак дида намуданд ва бори дигар таъкид сохтанд, ки воқеан ҳам Тоҷикистон-биҳишти рӯйи замин аст.Манзараҳои дилфиребаш ба меҳмонон руҳияи болида бахшид. ...
Без рубрики

13.03.2024 шаҳри Душанбе13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад.Тибқи лоиҳа дар ошёнаи якуми иншоот маҷлисгоҳи калон ба 500 ҷойи нишаст, толори хурд ба 180 ҷой, ошхона барои 150 нафар, ҳуҷраҳои корӣ ва нуқтаҳои ёрирасон ҷойгир хоҳад шуд.Бинои нави маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон, 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамояд.Ҳуҷраҳои кории маъмурият дар ошёнаи сеюм ҷойгир шуда, таҳхонаи бино барои таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ва муассисаҳои нашриётии зертобеи вазорат пешбинӣ шудааст.Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби ҳаёт” мебошад.Дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои кушоду барҳавои корӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо тамоми шароити замони муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои хуштарҳу замонавӣ тамоми раёсату шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар муассисаҳои зертобеи вазорат дар як бинои маъмурӣ ҷойгир карда мешаванд.Оғози сохтмони бинои зебову муҳташами Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон собитгари он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати рушди бахши мазкур пайваста ғамхорӣ менамоянд.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Вазорати фарҳанг барои истифодаи масолеҳи баландсифати ватанӣ дар иншоот ва дар муҳлати 2 сол бо сатҳу сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Без рубрики

Мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар

09.03.2024 9 март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд. Нахуст, Сарвари давлат ҳамаи иштирокдорони мулоқот ва кулли мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ карданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас додаанд. Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори д...
Без рубрики

Бахшида ба Рӯзи Модар бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз , соати 18:30 дар «Кохи Борбад»-и пойтахт консерти идонаи Фаррух Ҳасанов доир гардид .

Фаррух Ҳасанов ба хотири арҷ гузоштан ба заҳмату талоши тамоми модарон барномаи фарҳангиашро дар арафаи Рӯзи Модар баргузор намуда, онро ба тамоми модарони рӯйи дунё бахшид. Ёдовар мешавем, ки соли 2023 сарояндаи 26-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар 5-умин мавсими ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.
Коррупсия зуҳуроти номатлуб
АСОСӢ, Без рубрики, МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ​

Коррупсия зуҳуроти номатлуб

Коррупсия яке аз масъалаҳои замони муосир ба ҳисоб рафта, он сади роҳи рушди инкишофи давлатҳо мегардад. Аз ин рӯ ҷомеъаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия, санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳид, зиддикоррупсия қабул гардида, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлатӣ дунё ба Конвенсияи мазкур имзо гузоштанд. Ҳамин тавр бо ташаббуси Созмони Милали Мутаҳид ҳамасола 9 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия қайд карда мешавад.Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб имрӯз боиси ташвиши ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Коррупсия низ дар қатори дигар хатарҳои глобалӣ ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, д...
Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати фарҳанг
Без рубрики

Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати фарҳанг

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣозмун эълон менамояд: Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ.Талаботи тахассусӣ барои довталабон: таҳсилоти олии касбӣ, гуманитарӣ; 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъотияти Вазорати фарҳанг;-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ;-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва х...