Бахшида ба Рӯзи Модар бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз , соати 18:30 дар «Кохи Борбад»-и пойтахт консерти идонаи Фаррух Ҳасанов доир гардид .

Фаррух Ҳасанов ба хотири арҷ гузоштан ба заҳмату талоши тамоми модарон барномаи фарҳангиашро дар арафаи Рӯзи Модар баргузор намуда, онро ба тамоми модарони рӯйи дунё бахшид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 сарояндаи 26-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар 5-умин мавсими ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *