Author: admin

Мулоқоти судманд
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Мулоқоти судманд

3-юми октябр дар Вазорати фарҳанг мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович доир гардид.Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили шумораи зиёди квотаҳо ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Беларус баррасӣ шуданд.Ҷонибҳои аз ҳамкориҳои пурсамари мутақобилан судманд изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, таъкид сохтанд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда, боз ҳам бештар тавсеа меёбад. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара»
АСОСӢ, Вазир, Президент, Сафарҳои дохилӣ, ТЕАТР, Хабарҳо

Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара»

19 сентябр бо гузоштани санги асос аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохтмони бинои 3 ошёнаи Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара» оғоз шуд.Тибқи лоиҳа бинои театр аз 4 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд, ки дар умум дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст бояд шаванд. Толори асосӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир шуда, бо 1 ҳазору 100 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюм ду ва дар ошёнаи сеюм бошад, як толори дигари намоишӣ сохта хоҳад шуд. Ҳангоми муаррифии лоиҳаи бинои театр ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии толори асосӣ 18 метр шуда, он ҳ...
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия   аз 12-ум то 14-уми  сенябри соли 2024,  10-мин Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург баргузор гардид
АСОСӢ, Вазир, Сафарҳои хориҷӣ, Хабарҳо

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия   аз 12-ум то 14-уми  сенябри соли 2024,  10-мин Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург баргузор гардид

Хабар 1   Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия   аз 12-ум то 14-уми  сенябри соли 2024,  10-мин Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург баргузор гардида, ифтитоҳи  расмии  форуми  номбурда дар бинои асосии Эрмитаж – толори Атриум баргузор гардид, ки дар он меҳмонони расмӣ, роҳбарони ҳайатҳо, ходимони намоёни фарҳанг аз 80 кишвари олам иштирок намуданд, ки дар расми ифтитоҳи он   Президенти  Федератсияи  Россия Владимир Путин дар ифтитоҳи Форум ширкат варзида, суханронӣ намуданд. Хабар 2 Рӯзи 13 сентябр дар ҷаласаи вохӯрии вазири фарҳанги Федератсияи Русия бо намояндагони расмии ҳайатҳо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, дар мавзӯъи “Нигоҳи ояндаи ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ” суханронӣ...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ карданд. Дар вохӯрӣ Сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмонро мавриди муҳокима қарор доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки “идомаи муколамаи мо дар сиғаи Осиёи Марказӣ ва Олмон ба талошҳои муштарак ҷиҳати муайян кардани самтҳои ояндадори ҳамкории бисёрҷониба ва ноил шудан ба натиҷаҳои амалӣ мусоидат мекунад”. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо омодаем ҳамкории зичро бо шарикони худ барои ноил шудан ба ҳадафи роҳандозии шарикии стратегӣ байни Осиёи Марказӣ ва Олмон идома диҳем. Т...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз вусъати ҳамкории Тоҷикистон бо Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо, инчунин таваҷҷуҳи рӯзафзуни доираҳои иқтисодии Олмон ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Саҳми назарраси Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) дар татбиқи стратегияҳои милии кишвари мо таъкид гардид. Ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, г...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф оростанд. ...
Мулоқоти судманд
АСОСӢ, Муовини вазир, Хабарҳо

Мулоқоти судманд

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазир Шарифзода Манучеҳр Муртазо бо Халид Фаталраҳмон – Директори Маркази муколамаи тамаддунҳои Созмони ҳамкории исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ICESCO) сурат гирифт. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳо назари неки худро изҳор намуда, зарфиятҳо ва кашфи ҷабҳаҳои нави ҳамкории муштаракро барои минбаъд мавриди баррасӣ қарор доданд. Директори маркази муколамаи тамаддунҳои ICESCO нахуст аз истиқболи гарму хотирмон арзи сипос баён намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои амалан самаранок дар доираи Созмон, хосатан омода намудани парвандаи номинатсияҳои мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили Намоиши мероси фарҳанги тоҷик изҳори ҳавасмандӣ намуд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор

11.09.2024, ноҳияи Сангвор Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон, яъне 33-солагии истиқлоли давлатии кишвари азизамонро таҷлил карда истодаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Сангвор ва шумо – ҳозирини гиромиро бо ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик мегӯям. Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар зарфи беш аз сӣ сол барои пешрафту ободии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Сангвор корҳои назарраси бунёдкориву созандагӣ амалӣ карда шудаанд. Дар асоси нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия сохтмони 80 бинову иншоот пешбинӣ гардида, то ба имрӯз корҳо д...
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор аз рӯйи лавҳаи рамзии Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Сангвор бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд. Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар муддати қариб як сол бо санъати баланди меъморӣ ва истифодаи сангҳои ороишӣ бунёд шуда, баландии пояи он 25 метрро ташкил медиҳад. Лозим ба таъкид аст, ки Нишони давлатӣ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар низ бо мақсади ҳифз ва арҷ гузоштан ба муқаддасоту асолати миллӣ бунёд шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ аз рӯи муҷассамаи бунёдгузори давлати бузурги Сомониён...
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Маркази савдо ва Меҳмонхонаи «Сайёҳ»-ро ифтитоҳ намуданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Маркази савдо ва Меҳмонхонаи “Сайёҳ”-ро, ки дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Бинои меҳмонхона ва маркази савдо аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шудааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 12 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аз рӯи лоиҳа дар ошёнаи якуми бинои навбунёд мағозаи хӯрокворӣ ва дар ошёнаи дуюм мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳози рӯзгор ҷойгир аст. Дар маркази хизматрасонӣ пардохт тавассути технологияи муосир сурат мегирад. Ошёнаҳои сеюму чоруми б...