Соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон гузаронида мешаванд. Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма муовини якуми Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Обид Назариён иттилоъ дод.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли 2024 Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом», Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон –Ватани азизи ман», барномаҳои фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслиҳати Туркманистон Гурбагули Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд гузаронида шуданд. Инчунин дар шаҳри Душанбе дар доираи Вохӯрии панҷуми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» барномаи фарҳангии муштарак баргузор гардид, ки дар он аҳли санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳунарнамоӣ намуданд.