ТЕАТР

Фестивали байналмилалии рақс  таҳти унвони “РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД” дар шаҳри Душанбе оғоз гардид
АСОСӢ, Дохилӣ, Муовини аввали вазир, Озмунҳо, ТЕАТР, Хабарҳо, Ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии рақс таҳти унвони “РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД” дар шаҳри Душанбе оғоз гардид

Имрӯз,12-уми ноябр соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» оғоз гардид.Дар фестивал ансамлбҳои рақсии 5 давлати ҷаҳон: Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва Молдова ҳунарнамоӣ намуданд.Дар фестивал дастаҳои рақсии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳунари рақсии худро муаррифӣ карданд.Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи фестивал бо иштироки ҳунармандони давлатҳои иштирокчӣ дарси маҳорат баргузор мегардад.Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» тибқи нақшаи барномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии бештари санъат...
Аёдати собиқадорони театр дар рӯзи театр
АСОСӢ, Вазир, ТЕАТР, Хабарҳо

Аёдати собиқадорони театр дар рӯзи театр

Бори аввал 7 ноябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе Театри ҷумҳуриявӣ, ки баъдан номи устод Абулқосим Лоҳутиро гирифт, таъсис ёфта буд.Ҳамасола 7 ноябр дар Тоҷикистони маҳбуб - Рӯзи театри тоҷик таҷлил карда мешавад.Бахшида ба ин муносибат, имрӯз 7-уми ноябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода собиқадорони театрро аёдат намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Мулоқоти вазири фарҳанг бо ноиби  Президенти Конфедератсияи байналмилалии театрҳои Иттиҳоди Давлатиҳои Мустақил ва Балтика , директори генералии Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ ба номи А.П.Чехов Цатурова Карина Сергеевна
АСОСӢ, Вазир, ТЕАТР, Хабарҳо

Мулоқоти вазири фарҳанг бо ноиби  Президенти Конфедератсияи байналмилалии театрҳои Иттиҳоди Давлатиҳои Мустақил ва Балтика , директори генералии Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ ба номи А.П.Чехов Цатурова Карина Сергеевна

Санаи 29-уми октябри соли ҷорӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо ноиби  Президенти Конфедератсияи байналмилалии театрҳои Иттиҳоди Давлатиҳои Мустақил ва Балтика , директори генералии Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ ба номи А.П.Чехов Цатурова Карина Сергеевна мулоқот анҷом доданд. Дар ин мулоқот  масъалаи баргузории VI –умин  Форуми байналмилалии ҷавонони эҷодкор (бахусус театрҳо)  соли 2027  дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боиси зикр аст, ки дар Форуми мазкур  баргузории фестивали намоишҳои коргардонҳои ҷавон , намоиши маҳсули рассомони театӣ, нашри асарҳои драматургони ҷавон, ташкили вохӯриҳо  бо чеҳраҳои шинохтаи театрҳои касбии ҷаҳонӣ  ва гузаронида дарсҳои маҳорат бо ҷалби ҳунарманд...
Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара»
АСОСӢ, Вазир, Президент, Сафарҳои дохилӣ, ТЕАТР, Хабарҳо

Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара»

19 сентябр бо гузоштани санги асос аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохтмони бинои 3 ошёнаи Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара» оғоз шуд.Тибқи лоиҳа бинои театр аз 4 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд, ки дар умум дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст бояд шаванд. Толори асосӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир шуда, бо 1 ҳазору 100 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюм ду ва дар ошёнаи сеюм бошад, як толори дигари намоишӣ сохта хоҳад шуд. Ҳангоми муаррифии лоиҳаи бинои театр ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии толори асосӣ 18 метр шуда, он ҳ...