Муовини аввали вазир

Фестивали байналмилалии рақс  таҳти унвони “РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД” дар шаҳри Душанбе оғоз гардид
АСОСӢ, Дохилӣ, Муовини аввали вазир, Озмунҳо, ТЕАТР, Хабарҳо, Ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии рақс таҳти унвони “РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД” дар шаҳри Душанбе оғоз гардид

Имрӯз,12-уми ноябр соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» оғоз гардид.Дар фестивал ансамлбҳои рақсии 5 давлати ҷаҳон: Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва Молдова ҳунарнамоӣ намуданд.Дар фестивал дастаҳои рақсии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳунари рақсии худро муаррифӣ карданд.Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи фестивал бо иштироки ҳунармандони давлатҳои иштирокчӣ дарси маҳорат баргузор мегардад.Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» тибқи нақшаи барномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии бештари санъат...
Натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024
АСОСӢ, Вазир, Муовини аввали вазир, Хабарҳо

Натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024

Санаи 9-уми октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024 ҷаласа доир гардид. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо назардошти вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакатбаҳри иҷрои минбаъдаи стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва нақшаҳои қабулшуда чораандешӣ намуда, ҷиҳати таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон силсилаи тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, ба масъалаи бо тарзу мундариҷаи нав баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ баҳри солим нигоҳ доштани фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳанг, эҳё ва рушди фаъолияти тамоми равияҳо, шаклҳо ва намудҳои соҳаи фарҳанги...
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт
АСОСӢ, Муовини аввали вазир, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт

Ин шом дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертии ҳайати ҳунарии Муассисаи давлатии академии консертии "Қазоқконсерт" ба номи Роза Багланова баргузор гардид. Дар барнома сурудҳои халқии қазоқӣ, асарҳои асбобӣ ва композитсияҳои асбобию хореографиро иҷро шуданд. Барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе Ансамбли давлатии фолклории «Остона Сази»-и Қазоқистон, гурӯҳи «Saz & Soul» ҳунарнамоӣ карданд. Ҳамчунин асари композитори барҷаста Шарофиддин Сайфиддинов «Давлати ман — Тоҷикистон», ки соли 2004 навишта шудааст, садо дод. Суруди мазкурро Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев ва ҳунарманди шинохтаи қазоқ Темур Умаров бо иҷро намуданд. Қайд ка...