Ҷаласаи кории байниидоравӣ
Санаи 5-уми августи соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории байниидоравӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарону занони Тоҷикистон баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дастурамал хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либосӯшии миллӣ пешниҳод гардидааст. Итминон дорем, ки он пеши роҳи хурофоту бегонапарастиро гирифта, воситаи муҳими тарғиби либосҳои муосири миллӣ ва муаррифи миллату мамлакат мегардад.
...