Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж

Имрӯз 7 июни соли 2024 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж, Фаронса Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ расман кушода эълон гардид.Маросими тантанавиро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳусни оғоз бахшиданд.Ҳадаф аз баргузории конфронс пос доштани хотири Мавлоно Балхӣ ва эътирофи саҳми безаволи ӯ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ буда, дар он олимону донишмандонро аз тамоми гӯшаи канори олам гирди ҳам омадаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *