Дар қароргоҳи Юнеско -шаҳри Париж осори оламгири фарзанди баруманди халқи тоҷик- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо як шукуҳу шаҳомати хос муаррифӣ гардид.

Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки 7-ум то 8-уми июн дар Париж доир мегардад, дирӯз (05.06.2024) дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ гузаронида шуд.

Маросими тантанавиро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Малубахон Амонзода ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар намоиш осори илмию адабии Мавлоно, нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии асарҳои Мавлоно аз ҷумла «Маснавии маънавӣ», ки онҳо аҳамияти бузурги таърихию фарҳангӣ доранд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд

Инчунин дар намоиш нусхаҳои дастнавис ва якчанд асари санъати миниётурнигорӣ, ки аз ҷониби рассом-миниётурнигор Олимҷон Комилзода тасвир гардидаанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ин асарҳо достонҳо аз осори Мавлоно бо санъати миниётурӣ офарида шудаанд.

Ҳамзамон дар намоиш аксҳо аз маросими ифтитоҳи мақбараи рамзӣ ва хона-музейи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, гузошта шудаанд.

Дар намоиш китобҳои «Гулчини ғазалиёт» ва «Ҷоми ҷон», ки дар онҳо ашъор ва ғазалиёти Мавлоно гулчин гардида, ба тозагӣ дар нашриёти «Ирфон» чоп шудаанд, ба маъраз қарор доранд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *