Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ соати 18:00 Консерти ҳисоботии донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, роҳбарон ва кормандони зерсохторҳои Вазорат иштирок намуданд.

Дар барнома суруду оҳангҳо аз эҷодиёти композиторони тоҷик ва ҷаҳонӣ аз ҷониби донишҷӯён ва устодони муассиса, дар саҳти хеле баланди касбӣ иҷро гардид.

Барномаи мазкур аз 17 номераи консертӣ иборат буда, мавзуҳои Ватан, Душанбешаҳр,ободӣ, озодӣ, соҳибистиқлолӣ,хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ, ишқ, муҳаббат ва садоқатро фарогир буд.

Қобили қайд аст, ки Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов соли 1945 ҳамчун Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дар заминаи мактаби мусиқии № 1 таъсис дода шуд ва он дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ қарор дошт.Баъдан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004, ба Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов табдил дода шудааст.

Ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ — Амон Ҳамдамов, Яъқуб Сабзанов, Фаттоҳ Одина, Х. Абдуллоев, А. Одинаев, Миратулло Атоев, С. Ҳамроев, Толибхон Шаҳидӣ, Ф. Баҳор, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Қудратуллоҳ Яҳёев, А. Солиев, Ш. Пулодӣ, С. Халилов, З. Нишонов, Талабхӯҷа Сатторов, Карим Ҳалимов, Холаҳмад Маҷидов, Саврӣ Сабзалиева, Тағоймурод Розиқов, Бобоҷон Ҳасанов, Бурҳон Маҳмадқулов, Б. Меробов, С. Олимов, Қ. Ризоев, Ҷумъа Обидпур, Суръат Халилов, С. Шамсов, О. Сабзалиева, Зайниддин Зулфиқоров, Аъло Аълоев, Нуқра Раҳматова, Файзалӣ Ҳасанов, Д. Қурбонов, Қурбони Қурбониён, Ю. Саодатов, А. Ниёзмамадов, Мадина Акназарова, Дилшоди Файзуло ва даҳҳо нафарони дигар хатмкардагони ҳамин муассса мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *