Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Италия маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд, ки дар он Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид.

Дар маросими имзои Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар маросим дар маҷмуъ аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ 7 санади нав: Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амниятӣ; Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкории оперативӣ дар мубориза бар зидди маводи нашъовар; Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ; Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2027; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва амнияти энергетикии Ҷумҳурии Италия; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва  Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2026 ба имзо расид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *