Намоиши мусаввараҳои рассомон ва ҳунармандони Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Дар идомаи баргузории Рўзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми апрели соли 2024, соати 10:00 дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳи расмии намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва санъати ороиши амалии мусаввирон ва ҳунармандони Туркманистон баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо ва муовини вазири фарҳанги Туркманистон Ширимов Нурсахат Нурмухаммедович қайд намуданд, ки ин рӯзҳо дар густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду давлат ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон ба ин восита равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ густариш меёбад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ин намоишгоҳ расомони Туркманистон: Джуманиязов Аннагелди Азадович, Байчиев Дидар Сапардурдиевич ва Лалыков Ата Романович офаридаҳои хешро манзури тамошобинон гардониданд.

Қобили қайд аст, ки дар чорабинии мазкур кормандони раёсатҳо ва шуъбаҳои Вазорати фарҳанг, намояндагони корпусҳои дипломатӣ , Коллеҷи санъат ва Донишгоҳи фарҳангу санъати кишвар иштироки васеъ доштанд.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиёни Рўзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гушаҳои таърихию фарҳангии Осорхонаи миллӣ дидан намуда, ба санъати меъморию офарандагии ҳунармандони чирадасти тоҷик баҳои баланд доданд.

Хотиррасон бояд шуд, ки дар намоиш намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳангии Турманистон, аз қабили мусаввараҳо, қаламкашиҳо, созҳои мусиқӣ, зарфҳои муосир, қолинҳои гуногунҳаҷми абрешимӣ, ҷомаҳо, рӯймолҳо, китфпӯшҳо, рӯйҷоҳои мунаққаш, ороишоти занона ва аксҳое, ки инъикосгари таърихи қадим ва муосири Туркманистон мебошанд, манзури тамошобинон гардонида шуд.

Намоиш дар фазои дӯстӣ ба анҷом расида, меҳмонон толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *